[b]Додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистонро, пас аз як соъат таъхир оғоз кард.[/b]
Интизор мерафт ҷаласаи додгоҳ дар соъати 10-и субҳи рӯзи сешанбе дар додгоҳи вилояти Суғд шурӯъ шавад. Аммо ба гуфтаи масъулони додгоҳ, “ба далели нокофӣ будани ҷойи нишаст дар толори додгоҳи вилояти Суғд” муҳокимаи ин парванда пас аз як соъат таъхир дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.
Гуфта мешавад танҳо ба се хабарнигор иҷоза дода шуда дар ҷараёни муҳокима ҳузур дошта бошанд.
Вакилони мудофеъи Ӯрунбой Усмонов ин тасмими додгоҳро навъе талош «барои маҳдуд сохтани дастрасии хабарнигорон ба ҷаласоти додгоҳ” арзёбӣ кардаанд.
Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ ба ширкат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзоби динии мамнӯъшуда аз сӯйи додгоҳ ё ифротгаро муттаҳам шудааст.
Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакилони мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ ин иттиҳомро бакуллӣ рад мекунанд.
Дар додгоҳ ҳамчунин 4 нафари дигар аз муттаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрир, Абдунабӣ Абдулқодиров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Яҳёхон Раҳмонхоҷаев, сокини шаҳри Хуҷанд, Талъат Мавлонов, сокини шаҳри Истаравшан ва Иброҳимбек Маҳмудов, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир дар вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт шуда буданд, муҳокима мешаванд.
Дар рӯзи аввали ҷаласаи додгоҳ, ки 5 соъат идома дошт, ба Ӯрунбой Усмонов ва чаҳор нафари дигар айбнома эълом шуд.
Чаҳор нафар аз муттаҳамон бархе аз иттиҳомоти воридаро пазируфтаанд аммо оқои Усмонов гуфтааст комилан бегуноҳ аст.
Ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 18 август, дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Оқои Усмонов пас аз поёни ҷаласаи муҳокима ба манзили худ баргаштааст.
Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июни соли ҷорӣ, ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас, маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.
Шоми панҷшанбеи 14 июл Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» аз боздошт озод шуд.
Би-Би-Си
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110816_mm_usmonov.shtml