Оғози муҳокимаи қазияи «Пайкон»

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии баҳси Вазорати адлия ва молики нашрияи мустақилли “Пайкон” пардохтааст.

Вазорати адлия Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ ва муассиси нашрияи “Пайкон”-ро барои расман мутталеъ насохтани ин вазорат аз тағйири макони бюро ин ниҳодро ба додгоҳ кашидааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ, гуфт, ки дар рӯзи аввали ҷаласаи додгоҳ ҷонибҳо бо санадҳои пешниҳодӣ ба додгоҳ ошно шудаанд.

Оқои Қудратов гуфт, мумкин аст рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳси Вазорати адлия ва молики нашрияи “Пайкон”-ро баррасӣ карда ва ҳукми худро дар ин замина эълом кунад.

Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмони ғайридавлатӣ ва сардабири нашрияи “Пайкон”, гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдоми Вазорати адлия эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки дар пайи чопи матолиби и нтиқодӣ дар бораи ин вазорат сурат мегирад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110217_mm_paykaan.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *