[b]Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар додгоҳе дар шимоли Тоҷикистон, оғоз шуд.[/b]
Муҳокимаи ӯро пас аз зӯҳри 31 май додгоҳи сайёри шаҳри Табошар дар ноҳияи Ашт оғоз кардааст.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллӣ, аз таърихи 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳе дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.
Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи «Нури зиндагӣ», ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар рӯзи аввали додгоҳ шикояти бархе аз муддаъиён шунида шуд ва додгоҳ кори худро пас аз фардо идома хоҳад дод.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст.
Аммо Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.
Бар пояи ин, чанде аз созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.
Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, пештар хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.
Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 дар Тоҷикистон чанд нашрия бо баҳонаҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои нашри матолиби интиқодомез бо фишори мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110531_ea_aa_ismoilov_trial.shtml