[b]Бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши самараноки фотожурналистика ва аксбардории мустанад «Simple Photography» ташкил мешавад.[/b]
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур омӯзиш ва ҷалби таваҷҷӯҳи рӯзноманигорону аксбардорони ҷавони умедбахш ва суратгирони ҳаваскор аст, ки мехоҳанд малакаи касбии худро сайқал диҳанд. Омӯзиши самаранок аз чанд ҷанбаи аслӣ – асосҳои аксбардории мустанад, суратгирӣ ҳамчун санъат, таърихи ташаккули аксбардории рақамӣ ва таҷҳизоти муосир ва малакаи таҳрири суратҳо иборат аст. Ҳамчунин иштирокчиёни омӯзиш бо асосҳои пешбурди фаъолияти аксбардорӣ дар сомонаҳои касбӣ ба таври ройгон шинос мешаванд. Дар омӯзиш 15 нафар иштирок мекунанд, ки ба тариқи озмун аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб шудаанд. Ба ҳайси омӯзгори байналхалқӣ аксбардор ва наворбардори филмҳои мустанад Рӯзбеҳ Қосимӣ даъват шудааст. Ӯро дар омӯзиш омӯзгорони маҳаллӣ Нозим Қаландаров, аксбардори медиагурӯҳи «Азия Плюс» ва Амир Исоев, мутахассиси дизайн ва аксҳои рақамӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Источник: http://khovar.tj/society/19429-om1263zishi-samaranoki-oid-ba-fotozhurnalistika-va-aksbardorii-mustan