Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба мулоқот бо созмонҳои журналистӣ ва роҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора як манбаи TojNews аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дода гуфт, дар назар аст мулоқоти журналистон ва роҳбарони расонаҳои мустақил бо вазири корҳои дохилӣ дар рӯзҳои наздик сурат бигирад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 12-уми феврал, бо пахши як иттилоия гуфта буд мулоқоти журналистон бо Рамазон Раҳимов баъди бозгашти мансабдори давлатӣ аз вилояти Суғд роҳандозӣ хоҳад шуд.
http://www.tojnews.tj/omodagii-ramazon-rahimov-ba-didor-bo-zhurnaliston