[b]Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабонро дар Олмон харидорӣ кардааст.[/b]
Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, мақомоти эронӣ мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон дар бораи роҳандозии ин телевизиюн ҳастанд ва дар сурати иттихози ин тасмим имкон дорад «телевизиюни муштараки се кишвар ба забони форсӣ» дар остонаи Наврӯз фаъол шавад.
Оқои Шеърдӯст, ки дар як нишасти матбуъотӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, ки дар оянда барои ҳалли бархе масоили марбут ба тасмимгирии ҷониби Афғонистон дар мавриди ин телевизиюн ба Кобул сафар хоҳад кард, то бо вазири фарҳанг ва иттилоъоти он кишвар музокира кунад.
Қаблан як масъули сафорати Эрон дар Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ иддаъои ахири Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, дар бораи омода набудани ҷониби Эрон ба оғози кори телевизиюни муштаракро рад карда буд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Эрон аз Олмон куллияи таҷҳизоти зарурӣ барои оғози кори ин телевизиюнро харидорӣ кардааст. Вай афзуд: «Як ширкати олмонӣ омода аст дар тӯли бист рӯз ин таҷҳизотро насб ва ба кормандон наҳваи истифода аз онҳоро омӯзиш бидиҳад.»
Вале ба гуфтаи ин масъули сафорати Эрон, сохтмоне, ки ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси дафтари ин телевизиюн дар шаҳри Душанбе ихтисос додааст, ба сурати комил бозсозӣ ва такмил нашудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ, шароити окустикии истудиюҳо ҳанӯз фароҳам нашуда ва ба ин далел мутахассисини олмонӣ наметавонанд ба насби таҷҳизот шурӯъ кунанд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, ҷониби Эрон барои оғози кори ин телевизиюни муштарак чандсад соъат барномаҳои тавлидӣ ва муқаддамотӣ таҳия карда ва теъдоде гӯяндаву наттоқу нависанда ҳам интихоб шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон низ миқдоре аз барномаҳо барои ин телевизиюнро омода мекунад.
Оқои Шеърдӯст афзуд: «Мо мунтазири эъломи назари расмии давлати Тоҷикистон ҳастем барои таърихи шурӯъ. Он ширкате, ки ин таҷҳизот аз он харидорӣ шуда, 20 рӯз аз мо вақт хоста, ки дар ин муддат дастгоҳҳоро насб кунад, таҳвил диҳад, озмоиш кунад, як муддат ҳам бар сари мутахассисин биистад, ки онҳо ин дастгоҳҳро омӯзиш бубинанд, шаш моҳ горонти (замонат) ҳам кардааст.»
Сафири Эрон афзуд, ки агар мақомоти тоҷик назари расмии худро то охири баҳманмоҳ (то 20 феврал) эълом кунанд, ҷониби Эрон барои Наврӯз омодагии ифтитоҳи ин шабакаро дорад.
Дар гузашта ин мавзӯъ матраҳ буд, ки ҷонибҳои Тоҷикистону Эрон бо Афғонистон дар мавриди роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабон ихтилофи назар доранд.
Бархе манобеъ гуфта буданд, ки ҷониби Афғонистон мехоҳад ин телевизиюн ба забони пашту низ барномаҳое пахш кунад, зеро «бахши умдаи ҷамъияти ин кишварро паштуҳо ташкил медиҳанд.»
Бо ишора ба ин нукта сафири Эрон дар Душанбе хабар дод, ки қарор аст дар ояндаи наздик сафаре ба Афғонистон анҷом диҳад ва бо мақомоти фарҳангии ин кишвар дар мавриди роҳандозии телевизиюни муштарак музокира кунад.
Вай гуфт дар Афғонистон бархе мақомот масоили қавмиро пеш меоранд ва мехоҳанд ки ба забонҳои дигар низ ин телевизиюн барнома пахш кунад, вале ин амр бо аҳдофи телевизиюни муштарак созгор нест.
Оқои Шеърдӯст афзуд: «Мо мехоҳем бо забони муштараки байни кишварҳо ва мардумони минтақа, яъне дарию форсию тоҷикӣ, суҳбат кунем. Инҳо масоили қавмиро матраҳ мекунанд, ки мо ақвоми дигаре дорем, ки бояд ба забони онҳо низ аз ин телевизиюн барнома пахш шавад. Хуб, агар ин тур бошад, мо дар Эрон даҳто забон дорем, ки ҳар кадом ҷамъияти касисри чандмилюнӣ доранд. Масалан, арабу турку курду луру туркман ва ғайра дар Эрон вуҷуд доранд.»
Зимнан, тасмими таъсиси чунин як шабакаи телевизиюнӣ дар дидори руасои ҷумҳурии се кишвари форсизабон, яъне Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2006 иттихоз шуда буд.
Тибқи тавофуқоти се ҷониб, таъмини молии фаъолияти ин телевизиюн аз ҷониби Эрон сурат мегирад. Тоҷикистон барои фаъолияти ин шабака бино ва шароити фаннӣ фароҳам мекунад. Вале ба далоили мухталиф роҳандозии ин шабакаи телевизиюнӣ тӯли чанд соли ахир ба таъвиқ дароварда мешавад.
Соле қабл мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки қарор буд дар остонаи Наврӯзи соли гузашта ин телевизиюн ба кор оғоз кунад, аммо ин иттифоқ рух надод.
Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон аз эҳтимоли бурузи ихтилофоти дигаре бар сари наҳваи фаъолияти ин телевизиюни муштарак ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, Афғонистон ва Эрон кишварҳои дорои низоми исломӣ ҳастанд, вале Тоҷикистон кишвари дунявӣ маҳсуб мешавад.
Ба ин тартиб, имкон дорад мавзӯъи мушкили пӯшиши либос, барномаҳои тафреҳӣ ва таблиғи арзишҳои исломӣ метавонад боъиси бурузи ихтилофот миёни дастандаркорони се кишвар гардад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110208_if_iran_tv.shtml