Ҷоизаи байналмиллалӣ ба хабарнигори Би-би-сӣ

[b]Ӯрунбой Усмонов ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммети созмони байналмилалии “Human Rights Watch”-ро дарёфт кардаст.[/b]

Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи душанбеи 10 сентябр аз ҷониби Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон мунташир шуд, таъкид шудааст, ин ҷоиза ба хабарнигори аз фишору таъқиб ранҷбурда эъто гардидааст.

Лавренс Мосс, як масъули ин созмон гуфтааст, ба Ӯрунбой Усмонов, ки барои фаъъолияти хабарнигорӣ мавриди таъқибу озори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор гирифта ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурда буд, ба миқдори 6 ҳазор дулори омрикоӣ кумаки молӣ низ тахсис шудааст.

Ҳамчунин, оқои Мосс таъкид кардааст, эътои ҷоизаи “Human Rights Watch” ба Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон навъи ҷалби таваҷҷӯҳ ба мавориди саркӯбии озодии баён дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммет ба ифтихори Лилиан Ҳелман, дромнавис ва Дашиэл Ҳаммет, нависандаи омрикоӣ аз ҷониби созмони “Human Rights Watch” таъсис шудааст. Ин ду нафар барои ақоиди сиёсӣ ва фаъъолияти касбии худ аз сӯйи Кумитаи Конграи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бозрасӣ шуда, хонуми Ҳелман муддати чанд сол дар ин кишвар коре барои худ пайдо карда натавониста ва оқои Ҳаммет муддате дар зиндон ба сар бурдааст.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июни соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнӯъ аст, боздошт шуд.

Мақомҳои амниятии Тоҷикистон ӯро ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда ва гуфта буданд, ки боздошти оқои Усмонов ба фаъолиятҳои хабарнигорияш рабте надорад.

Аммо Ӯрунбой Усмонов ва шабакаи хабарии Би-би-сӣ мукарраран ба бегуноҳ будани ӯ таъкид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳама гуна ҳаракот ва аъмоли ӯ дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигориаш сурат гирифтааст.

Додгоҳи вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро рӯзи 14-уми октябри соли гузашта дар иртибот бо тарафдорони Ҳизби Таҳрир муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон карда ва тибқи Қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф кард.

Вале Ӯрунбой Усмонов ҳукми додгоҳро «ғайриодилона» унвон карда ва вакилони мудофеъи вай бо дархости табраъа шудани комили муваккилашон ба додгоҳи олӣ муроҷеъат карданд.

Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 30-юми ноябри соли гузашта шикояти Ӯрунбой Усмонов алайҳи ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро баррасӣ карда ва ин ҳукмро бетағйир боқӣ гузошт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120910_mm_hrw_usmanov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *