Лоиҳаи “Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет)” натиҷаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади вусъат додани муҳтавои (контенти) ватании Интернет ва рушди таҷрибаи худтанзимкунии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа яке аз ташаббусҳои ватанӣ дар баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии ҷомеа буда, аз ҷониби гурӯҳи коршиносони ватанӣ таҳия гардидааст.
Барои таҳияи ин лоиҳа гурӯҳи корӣ таҷрибаи ватанӣ ба монанди танзими номдомейнҳои Интернетӣ, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» ва таҷрибаи байналмилалӣ ба мисли идоракунии Интернет, «Press Council»-и Босния ва Гертсеговина оид ба худтанзимкуниро таҳлил намуд. Гурӯҳ аз намояндагони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад. Лоиҳа бо дастгирии Интернюс Нетворк, Институти “Ҷамъияти Кушода” — Бунёди Мадад ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Ҳайати гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Одобнома:
- Воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ
- Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсия
- Шуъбаи ҳуқуқ
- Маркази иттилоотию техникӣ
- Бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Муассисаву ташкилотҳо:
- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон
- Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон
- Фонди ҷамъиятии ИНДЕМ
- Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет
- Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет
Хоҳишмандем таклифу пашниҳодҳои худро оид ба лоиҳаи мазкур то 10 октябри соли ҷорӣ ба суроғаи электронии Odobnoma.tj@gmail.com ирсол намоед.
Лоиҳа
Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет)
Мо, аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ, одобномаи шаҳрванди электрониро пазируфта, бар онем, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ ҳам бояд пурра риоя гарданд.
Меъёрҳои ҳамин одобнома ҳангоми муошират бо телефони мобилӣ, шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва татбиқи дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) амалишавандаанд.
Шакли кӯтоҳшудаи номи санади мазкур эТИКет аст, ки аз калимаҳои «мобикэт» ва «нетикэт» таркиб ёфтааст ва дар маҷмуъ одоб ё этикаи дастрасӣ ба ТИК-ро ифода менамоянд.
- Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми истифода ва татбиқи ТИК авлавият доранд.
- Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои виртуалӣ ҳам, новобаста аз макону замон, ҳатмианд.
- Эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, санадҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ шарт ва заруранд.
- Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва анъанаҳои миллӣ дар фазои виртуалӣ ҳатмист.
- Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва шахсони имконияташон маҳдуд вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.
- Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, туҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои нораво ғайри қобили қабул аст.
- Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ дар фазои виртуалӣ раво нест.
- Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, асардуздӣ бо истифода аз ТИК манъ мебошад.
- Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК ҳам бояд риоя гардад, муоширати дурударози безарурат бо телефон ва дигар воситаҳои алоқа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷоиз нест.
- Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути ТИК истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ қобили қабул нест.
- ТИК бояд тарзе истифода шаванд, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонанд.
- Ба таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат расидан ва аз онҳо истифода бурдан беодобист.
- Маълумоти инфиродии ҳар шахс дар фазои виртуалӣ ҳам дахлнопазир буда, истифодаи беиҷозати он норавост.
- Таҳрифи сухан ва иттилооти шахси дигар мумкин нест.
- Шарҳи беодобонаи андешаи дигарон ва посухи беодобона ба он қобили қабул нест.
- Ба воситаи ТИК ҳарзанома (спам) фиристодан мумкин нест.
- Суиистифода аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон норавост.
- Ҳар истифодабаранда барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.
- Ҳар истифодабаранда барои риоя намудани одоб дар фазои виртуалӣ масъул аст.