Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13-уми январ оғоз шуда, то 7-уми феврал давом мекунанд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» нахустин нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон бо иштироки директори нави он Худобердӣ Холиқназаров ва муовинонаш баргузор мегардад.
-Хабарнигороне, ки мехоҳанд дар бораи вазъи ҷиноию тартиботи ҷамъиятии кишвар маълумот пайдо намоянд, метавонанд 21 январ дар Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 феврал дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, 6 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовар, 7 феврал дар Прокуратураи генералӣ иштирок намоянд.
Ба масъалаи андозу андозбандй, ки имрӯз корхонаю муассисаҳоро зиёд ба ташвиш овардааст, роҳбарони Кумитаи андоз 28 январ равшанӣ меандозанд. Ҳамчунин рӯзи 21 январ
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ истифодаи дурусти заминро ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд.
Масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» 5 феврал хабарнигоронро бо вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳа огоҳ месозанд.
Роҳбарони тозаинтихоби Вазорати фарҳанг роҷеъ ба нақшаҳои нави фазои фарҳангии кишвар 27-уми январ иттилоъ хоҳанд дод.
http://www.tojnews.tj/ogozi-nushasthoi-matbuotii-vazoratu-idoraho