Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии шикояти ширкати «Тоҷирон» алайҳи рӯзномаи «ИмрӯзNews» оғоз кард.
Шикояти ширкати «Тоҷирон» ба додгоҳ дар пайи нашри мусоҳибае зери унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» дар ин рӯзнома дар авоили соли ҷорӣ ироа шуда буд.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос, дар мусоҳиба бо ин рӯзнома дар бораи марги як нафар дар пайи тасодуми худраваш бо комюне мутаъаллиқ ба ин ширкат иттилоъ дода буд.
Азизбек Шарбатов, қозии додгоҳ, рӯзи панҷшанбеи 14 март оғози муҳокимаро эълом кард ва ширкати хабарнигорон дар онро иҷоза дод. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл муҳокимаи додгоҳии дигаре алайҳи ин рӯзнома пушти дарҳои баста анҷом шуда буд.
Дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ Файзиниссо Воҳидова дархостеро ба қозӣ ироа кард ва дар он шикояти ширкат ба додгоҳи иқтисодиро мо моддаи 32-и қонун дар бораи додгоҳи иқтисодӣ муғойир хонд. Вай пешниҳод кард, ки ин шикоят дар додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ нашавад.
Хонуми Воҳидова афзуд: «Дар додгоҳи иқтисодӣ парвандаҳое баррасӣ карда мешаванд, ки тобеъияти идориро доранд. Ҳамчунин шикояти ширкат бар хилофи моддаи 27-и ин қонун буда ва тибқи он додгоҳи иқтисодӣ баҳсҳоеро баррасӣ мекунад, ки аз муносибати ҳуқуқии шаҳрвандӣ бармеоянд.»
Вай афзуд, ки шикояти ироашуда ҳеч иртиботе ба фаъъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ надорад, дар ҳоле ки ин додгоҳ парвандаҳоеро баррасӣ мекунад, ки бояд ҷанбаи тиҷорӣ ё иқтисодӣ дошта бошанд.
Дар ҳамин ҳол, Иноят Иноятов, вакили мудофеъи ширкати «Тоҷирон» ин пешниҳоди хонуми Воҳидоваро беасос донист ва дархости идомаи баррасии шикояти муваккилашро кард.
Дар ҷаласаи додгоҳ, Раҳматулло Гадоев, ҳуқуқдони ширкати «Тоҷирон», низ ба намояндагӣ аз ин ширкат ҳузур дошт.
Қозии додгоҳ пешниҳоди ҷониби рӯзномаро ҳанӯз баррасинашуда эълом кард ва аз ҳар ду ҷониб дархост кард, ки далоил ва мадорики худро ба додгоҳ ироа кунанд. Сипас, муҳокимаи додгоҳӣ то ба рӯзи 27 март ба таълиқ даромад.
Ширкати «Тоҷирон» дар шикояти худ ба додгоҳ аз нашрияи «ИмрӯзNew» барои «зарари маънавӣ» ба миқдори як сомонӣ ва аз Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруф, ки матлаб дар асоси мусоҳибаи ӯ таҳия шудааст, маблағи 50 ҳазор сомонӣ ғаромат хост.
Масъулони ин ширкат гуфтаанд иттилоъоте, ки дар мусоҳибаи Файзинисо Воҳидова бо ин нашрия зери унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» чоп шуда буд, «бардуруғ» аст ва нашри он ба эътибори ширкат латма ворид кардааст.
Дар ин мусоҳиба аз ҷумла омада буд, ки пас аз тасодуми ду мошин ва кушта шудани ронанда масъулони ширкати «Тоҷирон» ҷасади ӯро нигоҳ дошта ва аз хонаводааш талаби пардохти ҷуброн барои маводди сӯхтии талафшударо кардаанд.
Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеъи ин ширкат, низ дар суҳбат бо Би-би-сӣ иттилоъоти дар нашрия мунташиршударо беасос хонд ва гуфт: «Пайвандони фарди марҳум низ ба мо гуфтанд, ки онҳо вайро бамаврид гӯр карданд ва мушкиле вуҷуд надоштааст.»
Ширкати «Тоҷирон» як ширкати муштараки тоҷикиву эронӣ буда ва гуфта мешавад, ки таҳти кунтрули пайвандони мақомоти баландпояи Тоҷикистон аст.
Дар соли ҷорӣ ин нахустин бор нест, ки рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба додгоҳ кашида мешавад.
Дар авохири моҳи феврал додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти писари Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси ширкати давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» алайҳи ин рӯзномаро ба суди фарзанди оқои Ҳукумов ҳал кард.
Қозии додгоҳ ин рӯзномаро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ё муъодили 10 ҳазор дулор ғаромат барои «расондани зарари маънавӣ» ва узрхоҳии расмӣ муваззаф кард. Масъулони рӯзнома дар мавриди ин ҳукми додгоҳ дархости истиноф (касатсия) кардаанд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/03/130314_zkh_media_court_economic.shtml