Оғози фаъолияти нахустин телевизиони варзишӣ дар Тоҷикистон то 2 моҳ ба таъхир гузошта шудааст.
Қаблан қарор буд, ки нахустин телевизиони варзишӣ дар Тоҷикистон “ТВ-Варзиш” то оғози соли 2016 ба фаъолият шурӯъ кунанд. Аммо ҳоло масъулини ин шабака мегӯянд, ин сана то 2 моҳ ба таъхир гузошта шудааст.
Парвиз Норов, муовини директори “Телевизиони варзиш” дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, эҳтимол охирҳои моҳи феврал ё оғози моҳи март “ТВ-Варзиш” ба пахши барномаҳои худ шуруъ кунад. Ин масъули шабакаи мазкур мегӯяд, ҳоло корҳои ташкилии телевизион идома дошта, раванди интихоби ҳайати кормандон идома дорад ва корҳои нотамом хеле зиёданд.
24-уми ноябр дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки то фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ — “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.
Дар ин рӯз бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон Хуршед Файзуллозода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набӣ Набизода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таин шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол санаи дақиқи ба фаъолият шуруъ кардани “ТВ-Синамо” низ маълум нест.
Масъулини Телевизиони “Синамо” аз посух ба суоли “кай ин телевизион ба фаъолияти шуруъ мекунад” худдорӣ карданд.
Як масъули ин телевизион бидуни бурдани нома гуфт, санаи дақиқи фаъолияти телевизион ҳоло маълум нест ва ӯ дар ин бора чизе шарҳ дода наметавонад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/ogozi-faoliyati-tv-varzish-du-mokh-ba-tahir-aftod