Дар Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судяи суди иқтисодии Хатлон Мансур Қаландаров мурофиаи додгоҳии баррасии даъвои ширкати таҳвили сӯзишвории «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк» шурӯъ шуд.
Ҳуқуқшиноси ширкати «Умед-88» Муҳаббатшо Баллаев бар ин назар аст, ки мақолаи дар ҳафтавор чопшуда бо номи «Бозор ё «Умедчик-88» хатар эҷод мекунад?» ба шаъну эътибори ширкат зиён расонидааст. Намояндагони ширкат ҳамчунин аз он дар шигифтанд, ки муаллифи мавод ба номи ширкат суффикс «чик»-ро илова намудааст.
«Умед-88» ба 60 ҳазор сомонии ба сифати ҷуброн аз журналист ва ҳафтавор талабкарда ниёз надорад ва а ар даъво ба нафъи ширкат ҳал шавад, ин маблағ ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дода мешавад», — гуфт Баллаев.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтавори «Пайк» мегӯяд, даъвои ширкат нисбати ҳафтавор беасос аст. «Суффикси «чик» дар забони русӣ таҳқиркунанда нест, баръакс навозишкорона аст ва ҳарчанд мо дар шумораи баъдии нашрия барои ин аз онҳо узр пуосида бошем ҳам, онҳо хотирҷамъ нашуданд», — гуфт ӯ.
Ба қавли сардабир, дар мақола дар бораи фурӯшгоҳи маводи сӯзишвории ширкати «Умед-88» сухан меравад, ки аз нигоҳи нашрия дар паҳлӯи бозор, назди автовокзал ва макони серодам сохта шуда, хатари сар задани сӯхтор ё садамаи дигарро меафзояд.
«Нисбати ширкати «Умед-88» мо ягон хусумати шахсие надорем. Ширкат аз ҳисоби нашрия як иқдоми хайрия гузарониданист ва дар ин ҳолат мо ба пардохти на 60 ҳазор, балки 65 ҳазор сомонӣ омодаем, ҳарчанд идораи нашрия чунин маблағ надорад, вале мо хонаҳои худро фурӯхта, ба онҳо ин маблагро пардохт мекунем», — қайд кард А.Иброҳим.
Мурофиаи судии дигар ба санаи 4 июн таъин шуда, суд аз ҷонибҳо дархост намуд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ваҷҳу далелҳои дар даст доштаашонро пешниҳод кунанд.
http://news.tj/tj/news/o-ozi-barrasii-davoi-shirkati-umed-88-nisbati-aftavori-paik