Дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинӣ доир гардид.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ба номи Лоҳутӣ дар бахши телевизион ба Бахтиёр Сафаров, корманди фақиди телевизион, дар бахши радио ба Баҳринисо Маҷидова, корманди радиои “Фарҳанг” ва Махфират Носирзода, хабарнигори радиои “Садои Душанбе” супорида шуд.
Барои маводи имлӣ-таҳқиқотӣ ин ҷоиза ба Ҷамила Раҳмонова ва Бахтиёр Қутбиддинов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ихтисос гирифт. Дар бахши матбуот ин ҷоиза ба 5 хабарнигор — Фахриддини Холбек, Абдулқодири Раҳим, Асалмоҳ Назарова, Ҳотами Ҳомид ва Карим Шариф дода шуд.
Имсол ҳамчунин ҷоизаи алоҳидаи Академияи ВАО дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чанде аз расонаҳои хабарӣ дода шуд. Аз ҷумла “Озодагон” “Ҳафтаномаи сол”, “ТВ Варзиш” Телевизиони сол, “Имрӯз” радиои сол, АМИТ “Ховар” Оҷонсии сол, “Садои шарқ” маҷаллаи сол ва Нуралӣ Давлат — коршиноси сол эълон гардид. Дар доираи таҷлил аз рӯзи матбуот ба чанде аз собиқадорони матбуоти тоҷик мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» — нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.