Душанбе, 27 феврали 2015 – Нозирони байналмилалӣ, ки аз рафти интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон мониториг бурда истодаанд, гузориши аввалини баъд аз интихоботии худро рӯзи 2 март, дар шаҳри Душанбе ҳангоми нишасти иттилоотӣ пешкаш менамоянд.
Миссияи мазкур ташаббуси муштараки Дафтари САҲА оид ба Институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (САҲА/ДИДҲБ), Ассамблеяи парлумонии САҲА (АП САҲА) ва Парлумони аврупоӣ (ПА) ба шумор меравад.
Гузориш аз ҷониби Мариетта Тидей, Ҳамоҳангсози махсус ва роҳбари миссияи нозирони кӯтоҳмуддати САҲА пешкаш гардида, баъдан онро Норберт Нюсер, Сардори ҳайати ПА, Гейр Йорген Беккеволд, Сардори ҳайати АП САҲА, инчунин Миклош Ҳарасти, Сардори миссияи нозирони интихоботии дарозмуддати САҲА/ДИДҲБ идома медиҳанд.
Миссияи Байналмилалии Назорати Интихобот аз 228 нозири 39 кишвар, аз ҷумла 161 нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат, ки аз тарафи САҲА/ДИДҲБ сафарбар шудаанд, инчунин аз 58 аъзои парлумон ва кормандони АП САҲА ва 9 корманди ПА иборат мебошад.
Рӯзноманигорон барои ширкат дар нишасти иттилоотӣ рӯзи душанбе, 2 март, соати 14:00 ба Маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи Ҳайатт Реҷенси, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 26/1, шаҳри Душанбе даъват мегарданд.
Пахши видеоии нишасти матбуотиро дар сомонаи зерин дастарс кардан мумкин аст:
http://www.ustream.tv/channel/2015-tajikistan-parliamentary-press-conference,
http://www.osce.org/odihr ва oscepa.org
Барои иттилооти бештар:
Томас Раймер, САҲА/ДИДҲБ, +992 98 91 877 32 ё +48 609 522 266, thomas.rymer@odihr.pl
Андреас Бейкер, АП САҲА, +992 98 796 0076 ё +45 60 10 81 26, andreas@oscepa.dk
Тим Боуден Ватсон, ПА, +992 98 918 7706 ё +32 496 599 470, timothy.boden@ep.europa.eu