Норозигии сафири Афғонистон аз нашрияи «Имрӯз-нюс»

[b]Имрӯз дар софоратхонаи Афғонистон, нишасти матбуотии сафири ин кишвар Абдуғаффори Орзу баргузор гардид, ки дар рафти ин мулоқот дипломати афғон аз як матлаби рӯзномаи «Имрӯз-нюс», ки зери сарлавҳаи «М. Ризо: Дар сафорати Афғонистон одамкушанду ба қочоқи мухаддир машғуланд» чоп шуда буд, изҳори норизоӣ баён намуд.[/b]

Абдуғаффори Орзу аз ҷумла гуфт: «Дӯстии Афғонистон бо Тоҷикистон он қадар бузург аст, ки мо намехоҳем ба хотири маводи як рӯзнома ин робитаи асилро вайрон кунем. Ба ин хотир мо шикоят намекунем, аммо мутмаинем, ки худи давлатдорони Тоҷикистон, вазири фарҳанг ва вазири корҳои хориҷӣ ба хотири ҳифзи дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, ҳар расонаеро, ки дӯстонашонро тавҳин кунад, муҷозот мекунанд».

«Дар асоси кадом ахлоқ, меъёр ва арзишҳои рӯзноманигорӣ онҳо як сафорате, ки намояндаи як милат аст, дашном кардаанд. Оё агар як девона сухан бигӯяд, онҳо чоп мекунанд? Дар сарсухан муалиф гуфтааст, ки ба хотири амнияти мусоҳиб, ки гӯё ҷонаш дар хатар аст, номашро нанавиштаанду гирифта як матнро чоп кардаанд. Сафири Афғонистон ҳам намояндаи ҳукумату давлат ва 30 миллион инсонест, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Агар Сафоратро тавҳин кунанд, ки қочоқчианду одамкушанд , ин як тавҳини бузург ба давлату ҳукумати мо аст. Аммо замоне, ки як нафар беном аст ва мушаххас нест, ки ӯ кист, мо бо як гуреза мусоҳиба кардем, ки ӯ чунин гуфт ва инро чоп карданд, ин мухолиф бо ҳамаи арзишҳои ахлоқии рӯзноманигорист»? – афзуд Абдуғафори Орзу.

Дар ҳамин ҳол Назири Нусрат муҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» мегӯяд, ки «Ба ҷойи он, ки сафорат худро сафед кунад, бояд биравад ва аз ҳоли шаҳрвандонаш огоҳ бошад. Вазъи гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон барои худи курсинишинони сафорати ин кишвар ба хубӣ маълум аст ва онҳо хуб медонанд, ки ҳамон ҳудуди 300 нафари зикршуда дар чӣ ҳолеву дар чӣ вазъе зиндагӣ доранд. Ин ҳарфи як мусоҳиби «ИмрӯзNews» аст, ки нашр шуд. Агар дар сафорат ба ин лаҳн посух додаанд, ки Шумо зикр кардед, худ баёнгари он аст, ки ба ҳељ ваҷҳ намехоҳанд як шаҳрвандашон дар ғурбат ҳам бошад, садо баланд кунад. Оё сафорат ин ҳақро дорад, ки даҳони шаҳрвандони мӯҳтоҷ ба дастгирияшро бандад? Аз ҷониби дигар, ин ҳаққи як расонаи хабарист, ки аз мушкили ба миёномада гӯяд. Мусоҳиби «ИмрӯзNews» дуруст мепурсад, ки чаро сафорат аз ҳоли онҳо огоҳ нест.

Маблағҳои барои гурезаҳо ҷудошуда куҷо мераванд? Дар сафорат бояд ба ҳамаи ин суолҳо посух дошта бошанд ва ҳам доранд. Баъдан ин масъала хеле баҳснок аст, ки чаро дар сафорат мехоҳанд донанд, ки мусоҳиби рӯзнома кист? Фикр намекунам, ки ба хотири кӯмак расонидан бошад».

Инчунин Назири Нусрат афзуд, ки агар Сафорат ба маводи онҳо ягон эътирозе дошта бошад, ба суд муроҷиат кунад ё ба унвонии рӯзномаи онҳо номае ирсол кунад. «ИмрӯзNews» метавонад ва омода аст, ки дар ҳамон андоза посухи ҷониби дигарро нашр кунад, агар далелҳои кофӣ дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки маводи «ИмрӯзNews» таърихи 31-уми маи соли ҷорӣ, зери унвони «М. Ризо: Дар сафорати Афғонистон одамкушанду ба қочоқи мухаддир машғуланд» чоп шуда буд, ки муалифи он Сафарбек Кабиров бо як нафар аз гурезаи Афғонистон, ки дар шаҳри Ваҳдат иқомат дорад, мусоҳиба доир намуда буд.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=26088&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *