Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як нома кормандони расонаҳои кишварро ба Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфтааст.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг дар ибтидои номааш зикр кардааст, ки “дар ин рӯзҳои хотирмон, ки мардуми шарафманди кишвар баҳри сазовор ва дар сатҳи баланди идона истиқбол намудани ҷашни чаҳорякасраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд, рӯзноманигорон, ноширон ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбӣ — Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно мекунам”.
Ӯ таъкид кардааст, ки “воқеан, матбуоти тоҷик ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд”. Ба бовари вазир расонаҳои ватанӣ ҳоло ба нерӯи тавонои эҷодӣ табдил ёфтаанд.
Ҷаноби вазир изҳори умед кардааст, қаламкалон “донишу малака ва қобилияти эҷодии худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд”.
http://www.tojnews.tj/tj/news/nomai-shodboshii-vaziri-farkhang-ba-munosibati-ruzi-matbuoti-tochik