[b]Ниҳоят, мо, — журналистон, ки ҳамеша садои шиква дорему гоҳ аз андоз менолем, гоҳ аз додгоҳу мансабдорон, ИД дорем.[/b]
Аслан, рӯзноманигорон бо баҳонаҳои гуногун дар як сол се ид доранд: Агар 11 март иди матбуоти кишвар, рӯзи таваллуди аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» бошад, (бо ташаббуси мансабдорони алоҳида ба иди матбуоти давлатӣ бадал шуд!) 3 май рӯзи озодии баён (ба иди матбуоти мустақил табдил ёфт) ва 8 сентябр рӯзи ҳамраъйии журналистони ҷаҳон мебошад. Боз худи ҳамин ҳамқаламони азиз менависанд, ки чаро иди бисёр дар кишвар дорему хароҷоти зиёд…
Аммо, муҳимтар аз ҳама ин аст ки дар ду иди аввал бештар ба соли гузаштаи ВАО-и чопӣ назар андӯхта мешавад ва шебу фарозҳо беихтиёр пеши назар меоянд. Натиҷаҳо ҳам ҷамъбаст мешаванд, — касе соҳибҷойиза мешаваду касе аз масъулини натиҷагириҳо ранҷида меравад. Махсусан, ранҷидаҳо миёни довталабон барои дарёфти ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзи 11 март зиёд мешаванд, аз ин рӯ, метавонед на ба раиси ИЖТ ҳасад бареду на ба райиси ҳакамон.
3 май ҳам дар рушди журналистикаи тоҷик нақши муҳим бозидааст ва ҳатто метавон гуфт, дар гардиши куллии он нақши фаромӯшношуданӣ гузошт. Шояд кам нафаре имрӯз дар ёд дорад, вале 3 майи соли 2003 аз озмуни миёни журналистон натиҷагирӣ шуд ва ягон журналисти навиштораш ба тоҷикӣ, соҳиби мукофот нашуд. Ҳатто ба ҳафтаномаи «Нерӯи сухан», ки маҳбубияти зиёде пайдо карда буд, созмонҳои журналистии кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ ҷоизаеро сазовор надонистанд. Ба эътирози журналистони тоҷик намояндаи як созмон, узви ҳайати доварон чунин посух дод:
— Тоҷикзабонон на журналист доранд на журналистика!
Натиҷаи ору номус ин шуд, ки соли дигар аз нисф бештари ҷойизаҳои озодии баёнро хабарнигорони ҳафтаномаи «Рӯзи нав», ки думболаи ин таъна таъсис ёфта буд, гирифтанд.
Соли 2005 ҳам айнан чунин воқеа рух дод: Ранҷидагон аз натиҷагирии озмун ин маротиба созмони журналистии «Медиа- Алянси Тоҷикистон» таъсис доданд, ки хуб аст, бад аст, то ҳол аз будани хеш дарак медиҳад.
Соле, ки гузашт, барои матбуоти кишвар бо умедҳо оғоз шуд, аммо имрӯз нақши камранги матбуоту ба якборагӣ пойин рафтани теъдоди нашр эҳтимоли аз чоп бозмондани ҳафтаномаҳоро ба миён овардааст.
Соле, ки гузашт, дигар даъвоҳои судӣ ва талабҳои хандаовари пулӣ (миллионҳо сомонӣ!) алайҳи нашрияҳо касеро ба ҳайрат наовард.
Соле, ки гузашт, бори аввал хабарнигорони Телевизиони Тоҷикистон номи нашрияҳои мустақилро гирифтанд. Ҳатто агар бо бадӣ буд, дар таърихи ҳафтаномаҳо бори аввал буд.
Соле, ки гузашт, шубҳаеро ҳам ба вуҷуд овард, ки журналист ҳам метавонад террорист бошад.
Соле, ки гузашт…
Акнун, ки гузашт, чӣ ҷойи шиква?
Ид муборак ҳамқалам ва ҳамалам!
[b]ИБ: Фарзандони шоистатаре дар сомонҳои дигар коре карданд, ки миёнгини тӯли умри модаронашон ба 81 сол (Амрико) ё 82 сол (Бритониё) ё 84 сол (Фаронса) ё ҳатто ба 86 сол (Жопун) бирасад. Дар ҳоле ки миёнгини умри як зан дар Тоҷикистон бештар аз 60 сол нест.[/b]
Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12383&Itemid=28