70 сол пеш дар ВАО ИМА ҳолате ба миён омад, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овард ва пеш аз ҳама аҳли дин овоз бароварданд, ки пеши роҳи ин селобро гирифтан лозим, то фалокати азиме рух надиҳад. Онҳо маблағи калоне ҷудо карда, дар ҳайати чанд нафар ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон ва журналистон коммисияе сохтанд, ки хулосаи он баъди таҳқиқи чорсола ин буд: матбуот бояд масъулияти иҷтимоӣ дошта бошад. Вай одобномаи касбӣ қабул карда, фаъолияташро худаш танзим кунад. Дар акси он дигар мақомҳо маҷбур мешаванд одоби онро танзим намоянд.
Ин иқдом барои ИМА, ки озодии комили ВАО-ро эълон карда буданд, ва Конститутсияи кишвар ҳар навъ маҳдудкунии озодии суханро қабул надошт, ҳукми ҷиддие ба ҳисоб мерафт. Зеро одобнома аз ВАО тақозо мекард, ки ба гуфтааш ҷавоб диҳад.
Сабаби чунин таваҷҷуҳу чунин иқдом воситаҳои электронии иртибот, пеш аз ҳама телевизион ва кино буданд. Онҳо ҳақиқати муносибати маҳрамонаи байни одамонро бепарда тасвир мекардагӣ шуданд. Ба ин сабаб тамошои онҳо душвор гардид.
Имрўз муҳити иттилоотии ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба ҳақиқати дигари технологӣ низ рў ба рў шуд, ки имкону таъсири он даҳчанди имконоти телевизион ва киноянд. Зеро ин воситаи ахбор – интернет, дар айни вақт маҷаллаву рўзнома аст, радиову телевизион аст, кинову китоб аст. Аз хабар то памфлет-ҳамаи жанрҳои публитсистика, жанрҳои адабиёт, санъат ва илмро дарбар мегирад. Ин воситаи иттилоъ ҳам хусусияти оммавӣ (ВАО) ва ҳам хусусияти клубу китобхона, ҳам хусусияти инфиродии ошкору маҳрамона, ҳам хусусияти чойхона, тўйхона ва мотамхонаро дорад. Ин воситаи ахбор бегонагонро бо ҳам ошно ва хешу ақрабо, ҳамфиру ҳамақида мекунад ва одами шиносро чунон грим карда ному насаби дигаре дода, муаррифӣ менамояд, ки худаш худашро намешиносад. Ин воситаи ахбор дафтари корашро дастнорас, муаллифонашро мустаор сохта, ба ин васила метавонад нисбат ба дигар воситаҳои ахбор амнияти худро бештар таъмин намояд. Вай нисбат ба дигар ВАО мартабаҳо ҷахонитар аст, озидии бештар, зоҳиран номаҳдудтарро, молик аст. Вай дар минтақа ҳудуд намемонад Вайро забон ва хат ҳам камтар побаст мекунанд. Технологияи соддааш маблағ ва ходими камтар металабад. Муҳимтар аз ҳама, вай бо сурати барқ не, бо суръати равшанӣ паҳн мешавад. Яъне, имкони онро дорад, ки ҷараёни воқеаи ба анҷомнарасидаро ба гирандагони чор гўшаи олам расонад. Интернет аксуламали оҷил ва гуфтугўи ҳамзамонро таъмин мекунад. Ин василаи ахбор ду гуруҳи жанрҳои матбуот-хабарӣ ва таҳлилиро чунон сареъ истифода мекунад, ки барои фаҳмидани навигариҳо субҳ ё шомро (вобаста ба вақти нашр), соати ахборро дар радио ё телевизион нигарон шудан лозим намеояд. Манбаи хабари нав асосан интернет мешавад ва барои дигар ВАО имкони тафсиру таҳлил ва тасвир бештар мемонад.
Мақсад аз ин суханҳо тарсонидан аз интернет, ё дигар воситаҳои ахбор кўҳна шуданд, гуфтан нест, балки аввалан, ҳақиқати ин технологияи хабариро гуфтан ва сониян, таъкид кардани он аст, ки ин ҳама хислат ва табиати интернетро ашхоси ғаразнок ва бадкеш ҳам бо мақсадҳои нопоки худ истифода карда метавонанд. Дар саҳифаҳое, ки хислати худӣ ва хешутаборӣ доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғайбатҳо, таҳдид ва алфози дурушту носазо зиёд пайдо мешаванд. Дар сайтҳо ва саҳифаҳое, ки ба манбаҳои хабарии бегона такя мекунанд, дурўғ, тўҳмат ва таҳқири на танҳо шахсони алоҳида, балки халқку маҳалҳо низ пайдо мешаванд.
Cухбати муфассал дар бораи интернет барои он зарур шуд, ки:
Аввалан, баъзе қисмату бахшҳои он бевосита ба журналистика дохил шуданд.
Ва сониян, интернет барои соири ВАО пешоҳанг шуд – ахборро аз он мегиранд; дар саръият ба он тақлид мекунанд; услубашонро ба он мувофиқ менамоянд; фикри онро паҳн мекунанд.
Ин ҳолат матбуотро якранг мекунад, таъсири матбуотро кам мекунад. Ҳақиқӣ будани матолиби матбуот низ шубҳанок мешавад. Дар матбуот матолиби бегона, ки аз сомонаҳо гирифта шудаанд, нисбат ба матолиби худӣ бартарӣ пайдо мекунад ва ин ҳама ВАО-ро ба каммасъулиятӣ меорад. Хоҳу нохоҳ, ин ҳолат ба риояи меъёрҳои одоби касбӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Аммо вазифаи ВАО сухани ҳақро орому ботамкин ва бо сухани олӣ гуфтан аст. Ин услуб таъсири бештарро молик аст.
Имрўз интернет ба тавлид ва ташаккули журналистикаи хом низ сабаб мешавад. Ин журналистика маводе мебошад, ки аз ҷониби шахсони ба ҳирфаи эҷодӣ бегона чун ҷавоби ҳамрайъӣ ё эътироз. Ба мусооҳибаҳо, мақолаҳо ва шарҳҳои шахсиятҳо ё мутахассисон навишта мешаванд, аз ҷумла дар ба истилоҳ конфронсҳо.. Он ҷавобнависон аввалин эҷодашонро кўтоҳ ва хўсида-хўсида менависанд. Чун диданд,ки:
Баъзеи дигарҳо низ монанди онҳо менависанд;
Суханҳои дағалашон низ бемаҳдудияту таҳрир паҳн мешаванд,
ва ғайра, такрор мекунанд ва кам-кам худашонро нависанда ва касбӣ эҳсос мекунанд, ҳавобаланду баддаҳан мешаванд. Онҳо на пухта мепўсанд, хом пажмурда мешаванд ва журналистикаро низ хомпаз мекунанд. Онҳо на танҳо ба матбуот роҳ меёбанд, балки барои чунин муаллифон баъзан худи матбуот низ имконият медиҳанд. Масалан, рўзномае, радиое, агентии хабарие, бо касе махсус суҳбат меорояд, онро дар сайти худ ҷой медиҳад. Агар чизе дар ин сўҳбат ба касе маъқул набошад, он хонанда ҳамон порчаро аз ни он матни асл канда, зимни он дониши худро нишон медиҳад. Редаксия ин матлабро низ чоп мекунад. Ношир фаромуш мекунад, ки фикри аввал мақолаи ихтиёран навишташудаи муаллифе нест, ки ба баҳс гузошта шаваду дигарон фикрашонро гўянд баъд муаллифи аввал боз мегардад, балки муаллифи ин навишта журналист аст вай ба саволҳояш посух гирифтааст. Одоб он аст, ки чунин матлаб баҳс намешавад.
Барои дарки моҳияти масълаҳое, ки ба одоби касбӣ тааллуқ мегиранд, боз чанд мисол меорам.
Мухбири ҷавоне афкори оммаро дар бораи абадӣ кардани хотираи шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ меомухт. Аммо намедонист, ки дар сӣ соли охир ҷанги шаҳрвандӣ танҳо дар Тоҷикистон рухдод.
Муаллифе бовар кунондан мехоҳад, ки якумин террор ба ҷони Президенти кишвар дар вилояти Суғд аз тарафи сокинони ин вилоят шуда буд. Якумин табаддулотро низ Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Суғд карданӣ шуд. Албатта, бо дастгирии қисми аҳолии ин вилоят.
Нависандаи ҷавони дигаре аз олиме бо итоб мепурсад: Ту чи асаре навиштаӣ?
Рузномае чунин ҳаҷв чоп кардааст:
Се муҳоҷири меҳнатӣ ба бунёди ҳаммом машғул буданд
— Иноятшоҳ,-гуфт шўхиомез усто ба шогирдаш.-як духтаре ёб, ки оча дошта бошад.
Марди миёнасоле, ки ҳамроҳашон кор мекард, гуфт:
— Илоҷе карда яктае ёфтан даркор, ки нафақат оча, инчунин бибӣ ҳам дошта бошад.
Чунин матлабҳо маъмулан аз журналистикаи хом сар мезананд. Аксарияти кулли ин қабил журналистон истилоҳотро намедонанд ё дидаву дониста, ғалат истифода мебаранд. Онҳо давлатро аз кишвар, забонро аз миллат, гузаштаро аз имрўз фарқ карда наметавонанд. Азбаски ин гурўҳ мустақилона навишта наметавонанд, худашон мавзуъ надоранд, аз сомонаҳо ва ВАО-и бегона зиёд истифода мебаранд. Вале ҳангоми баргардон аз форсӣ, ё тарҷума аз русиву аврупоӣ маънои бисёр калимаву ибораҳоро вайрон мекунанд.
Гоҳе ҳам соҳибони ВАО ё муҳаррирони масъул бо уметидине ки тарбияи ҷавонон масъулиятро пурра ба онҳо гузошта, ҳатто матолиби ҷиддиро ҳам намехонанд, ки ин роҳёбии журналистикаи хомро дар ВАО осон мекунад.
Дар асоси мулоҳизаҳои боло фикр мекунам, ки дар давраи ҳозира бояд Шӯрои ВАО ба чор гуруҳи зерини масъалаҳо таваҷҷуҳ кунад:
- Баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии ВАО. Шояд дар ин бобат курс конференсияҳо ташкил дода, таҷрибаи сармуҳаррирони собиқадорро таблиғ намояд.
- Дар атрофи мавзуи иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр ва шеъваи ҷамъ овардани мавод барои журналистони ҷавон маҳфиле ташкил диҳад.
- Ба мақсади эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс дар матбуот якҷоя бо мақомҳои ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳо кунад.
- Гумон мекунам як муассиса ё иттиҳоди байналмилалии минтақавии ҷомеаи шаҳрвандӣ заруратдорад, ки батанзими одобу каломи интернете, ки ҳадафи он дорад, яъне, ҷузъи ВАО аст, на ВАИ, машғул бошад. Вай хислати раисию фармонфармоӣ не, балки дӯстонаву бародарона дошта бошад. Ба вай бовар кунанд. Онро эҳтиром намоянд.
Иброҳим Усмонов, профессор.