ҲНИТ: «Тоҷикистон ба марҳилаи носолими сиёсӣ ворид шудааст»

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи рӯзи душанбе ба Ҳикматулло Сайфуллозода, аз аъзои фаъоли ин ҳизбро амале “тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ” ва навъе “душмантарошӣ” хонд.

Ин матлаб шоми рӯзи 8-уми феврал дар баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар поёни ҷаласаи изтирории ҳизб дар робита бо ҳамла ба оқои Сайфуллозода зикр шудааст.

Ба бовари аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ҳамла ба оқои Сайфуллозода, фаъоли собиқадори ин ҳизб ва сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот”, амалест, ки аз сӯйи “доираҳои муъайян барои эҷоди тарсу ваҳм дар байни аъзо ва тарафдорон”-и ҳизб анҷом шудааст.

Шӯрои сиёсии ин ҳизб, ки аз муҳиммтарин аҳзоби мухолифи давлат дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳамлаи ахир ба оқои Сайфуллозодаро дар як радиф бо фишорҳое қарор медиҳад, ки «доираҳои муъайян дар ин авохир алайҳи ҲНИТ» эъмол кардаанд.

[b]»Инҳироф аз раванди муколамаи миллӣ»[/b]

Ҳизби наҳзати исломӣ дар баёнияи худ ба ончи равандҳои ғайридемукротик дар Тоҷикистон хондааст, низ ишора кардааст: «Арзишҳои мардумсолорӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон ва матбуъот батадриҷ заъиф гашта, ҷойи онро таҳкими усули авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, поймолшавии ҳуқуқи диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум ишғол менамояд.»

Бо таъкид бар ин нукта, Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ончи ворид шудани Тоҷикистон ба як марҳилаи носолими сиёсӣ меномад, ҳушдор додааст.

Дар баёнияи ин ҳизб аз «дур шудани давлат аз арзишҳои тақдирсози ваҳдати миллӣ» ва «инҳироф дар раванди муколамаи миллӣ» ибрози нигаронӣ шудааст.

Дар ин баёния мехонем: «Бахусус, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд.»

Аъзои ин шӯро лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозодаро «василаи ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ алайҳи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ» хонда ва таъкид карданд, ки чунин аъмол на танҳо ҷиноят аст, балки «хатари бузурге ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеъа» низ маҳсуб мешавад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар поёни баёнияи худ аз намояндагони давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеъаи маданӣ даъват кардааст, ки барои «баргардонидани фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ба фазои сиёсии кишвар» талош намоянд.

[b]Вокуниши созмонҳои рӯзноманигорӣ[/b]

Пас аз зӯҳри рӯзи 8 феврал cозмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон низ ҳодисаи ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ва аз фаъолони ҳизби наҳзати исломиро маҳкум карданд.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, созмони ғайридавлатии “Медия-Алянс” ва маркази таҳлилии “Индем” бо интишори баёнияе муштарак ҳодисаи ҳамла ба оқои Сайфуллозодаро як “амали ваҳшиёна” хонданд.

Руасои ин созмонҳо аз мақомоти марбута талаб кардаанд, ки ҳодисаи ҳамла ва лату кӯби ваҳшиёнаи Ҳикматулло Сайфуллозода дар мӯҳлати кӯтоҳ ба таври ҷиддӣ таҳқиқ шавад.

Масъулони ин созмонҳои рӯзноманигорӣ ба мақомоти интизомӣ пешниҳод кардаанд, ки бо анҷоми таҳқиқоти рӯзноанигорӣ дар таҳқиқи ин қазия ба маъмурони интизомӣ кумак кунанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз аъзои фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ, муҳимтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон буда ва аз тобистони соли гузашта сардабирии “Наҷот”, нашрияи ин ҳизбро бар ӯҳда гирифтааст. Вай таҳлилгари маркази “Диолуг”, як муассисаи вобаста ба ин ҳизб ҳам ҳаст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, гуфт, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ аз оқои Сайфуллозода ҳамчун аз як журналист ҳимоят мекунанд.

Дар баёнияи ин созмонҳо мехонем: «Дар ҷомеъае демукротик сӯиқасд ба ҳаёт ва саломати на танҳо як журналист ва як шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест ва гунаҳкорон бояд мавриди ҷазои сахт қарор бигиранд.»

Лаҳни ин баёния нисбатан нарм аст ва муаллифони баёния менависанд: «Баъзе коршиносон ин ҳодисаро ба фаъолияти касбии журналистии Сайфуллозода марбут мехонанд.»

Оқои Қаршибоев дар посух ба ин савол, ки оё ҳодисаи ҳамла ба оқои Сайфуллозодаро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад ё хайр, гуфт, ки ҳанӯз барои чунин иддаъо иттилоъи кофӣ дар даст надорад.

Вай афзуд: «Дар баробари ин, ки оқои Сайфуллозода узви як ҳизб ҳаст, вай як журналист низ ҳаст, ва мо ҳамчун созмонҳои журналистӣ вазифадорем, ки аз ӯ ҳамчун аз як хабарнигор пуштибонӣ кунем.»

Рӯзи 7 феврал Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин ҳодиса як навъ «суиқасд ба ҷони сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви шӯрои сиёсии ҲНИТ» аст.

Дар ҳамин ҳол, Умаралӣ Ҳусейнов, намояндаи ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, ба хабаргузории «ASIA-Plus» гуфтааст: «Суиқасд ба ҷони вай (Сайфуллозода) ба хотири фаъолияти сиёсиаш сурат гирифтааст. Сайфуллозода як рӯзноманигори шуҷоъ буда ва пайваста матолиби таҳлилӣ таҳия ва дар онҳо масоили доғи рӯзро матраҳ мекунад.»

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки оқои Сайфуллозода мавқеъи худро дар мусоҳибаҳои зиёди худ бо расонаҳо «боҷасорат баён мекунад» ва аксари расонаҳо назарҳои ӯро ҳамчун ақидаи як коршинос дар масоили сиёсӣ ва мазҳабӣ иқтибос меоранд.

[b]Назари аҳзоби дигар[/b]

Ҳарчанд ҳизби наҳзати исломӣ ин ҳодисаро суиқасд ба ҷони оқои Сайфуллозода ба хотири фаъолияти сиёсиаш медонад, Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ намекунад.

Вай мегӯяд, ки ҳизби ӯ дар робита бо ин ҳодиса ҳеҷ баёнияе содир нахоҳад кард, зеро ба эътиқоди онҳо, ин қазия сирфан хусусӣ буда ва ба оқои Сайфуллозода ва «равобити ӯ бо афроди алоҳида» вобаста аст.

Вай гуфт: «Агар ин ҳодиса ангезаи сиёсӣ медошт, ин ҳамла ба раҳбар ё муъовини раҳбари ин ҳизб анҷом мешуд. Ин ягон муноқишаи хусусии байни худи Сайфоллозода ва нафарони дигар бояд бошад.»

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунисти Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо бархе аз расонаҳои маҳаллӣ эҳтимоли ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода ва аз сӯйи нерӯҳои давлатӣ анҷом шудани ин ҳамларо баъид хондааст.

Вай гуфтааст: «Ҳеҷ нерӯи давлатӣ дар ҷаҳон нисбат ба мухолифони сиёсияш чунин рафтори хашин анҷом намедиҳад.»

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода субҳи рӯзи 7 феврал дар назди хонаи худ ҳадафи ҳамлаи афроди ношинохта қарор гирифт ва дар пайи лату кӯби шадид ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ҳоло дар бемористони Қараболои шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Қудратуллоҳ Исмоилов, пизишки асабшинос, ки оқои Сайфуллозода таҳти муроқибати ӯ қарор дорад, вазъи саломати ӯро “беҳтар аз дирӯз” хонд. Вай гуфт, ки ҳаққи ироаи иттилоъи бештаре дар бораи вазъи беморонро ба ҷуз хешовандонашон надорад.

Аммо гуфта мешавад, ки оқои Сайфуллозода фақат аз ноҳияи сар ҷароҳат бардоштааст. Вай садамаи мағзӣ дида, лабу даҳон ва сари ӯ чок шудааст. Ба гуфтаи пизишкон, дар чунин вазъият беморон маъмулан то 7 рӯз дар бемористон ба сар мебаранд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110208_sq_islam_crime.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *