[b]Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ тавзеҳ додааст, ки танҳо баъд аз фароҳам шудани имконоти фаннӣ барои таъсиси шабакаи телевизиюнии ин ҳизб мавзӯъи судури муҷаввизро баррасӣ хоҳад кард.[/b]
Воҳидхон Қосиддинов, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аз ин ниҳод номае дарёфт шуда, ки дар он посухи масъулони бахши судури муҷаввизи Кумитаи родию ва телевизиюн ироа шудааст.
ҲНИТ қаблан барои дарёфти муҷаввизи пахши барномаҳои телевизиюнӣ аз ин ниҳод дархости тавзеҳот карда буд.
Масъулони Кумитаи родию ва телевизиюн гуфтаанд, ки қабл аз дархости муҷаввиз ҲНИТ бояд куллияи имконоти фаннӣ барои таъсиси телевизиюн, аз ҷумла таҷҳизоти пахши барномаҳо ва мушаххасоти кормандони онро фароҳам ва пешниҳод кунад.
Ин муқарраротест, ки аз чанд сол пеш ба ин сӯ дар фаъъолияти бахши судури муҷаввизи Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор дорад.
Оқои Қосиддинов мегӯяд, ки чунин посух масъулони ҳизбро нигарон кардааст, ки оё дар сурати фароҳам кардани имконоти фаннии ин шабакаи телевизиюнӣ оё дарёфти муҷаввиз ҳам имконпазир хоҳад шуд ё хайр?
Вай афзуд: “Бархеҳо бар ин назаранд, ки дарёфти муҷаввиз барои фаъъолияти шабакаи телевизиюнии ҲНИТ ғайримумкин ба назар мерасад. Вале раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба талошҳо дар ин замина идома бидиҳад.”
Соҳибназарон мегӯянд, ки таъсиси як шабакаи телевизиюнии исломӣ дар Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро низ ба таъсиси шабакае мушобеҳ дар Тоҷикистон ташвиқ кардааст.
Зимнан, мавзӯъи дарёфти муҷаввиз барои шабакаҳои родиюӣ ва телевизиюнии мустақил дар Тоҷикистон дар даҳ соли ахир ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.
Ба унвони мисол, хабаргузории “ASIA-Plus” тӯли даҳ соли ахир барои таъсиси телевизиюн талошҳое ба харҷ дода ва ба натиҷае даст наёфтааст. Ҳарчанд ин хабаргузорӣ таҷҳизоти зарурӣ ва теъдоди кормандони ҳирфаии телевизиюнро дар ихтиёр доштааст.
Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки ду сол қабл созмони байналмилалии “Интернюз” барои таъсиси панҷ шабакаи мустақилли родиюӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон таҷҳизоти мудерн ворид кард.
Аммо вай афзуд: “Мақомот барои роҳандозии ин шабакаҳои родиюӣ муҷаввиз надоданд ва ин созмон водор шуд, ки таҷҳизоти воридаро, ки маблағаш беш аз як милюн дулор буд, ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мунтақил кунад.”
Ба гуфтаи оқои Воҳидов, масъулони бахши муҷаввизи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон умдатан ба дархосткунандагон посух медиҳанд, ки басомад ё мавҷи озод дар ин кишвар намондааст, ки ин амр чандон воқеъӣ ба назар намерасад. Зеро телевизиюнҳои ҷадиди давлатӣ зимни дарёфти муҷаввиз бо чунин мушкил рӯбарӯ намешаванд.
Абдуфаттоҳ Воҳидов мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 17 шабакаи мустақилли телевиюнӣ, умдатан дар манотиқи шимол ва ҷануби кишвар, фаъъол ҳастанд. Вале онҳо муҷаввизи худро то соли 1999 дарёфт карда буданд.
Вай гуфт: “Аз соли 1999 ба ин сӯ танҳо “Симои мустақилли Тоҷикистон” тавонист дар соли 2007 муҷаввиз дарёфт кунад. Дигар ҳеҷ ширкате ба ин амр даст наёфтааст.”
Зимнан, ҲНИТ танҳо ҳизбе нест, ки қасд дорад шабакаи родию-телевизиюнӣ таъсис бидиҳад. Масъулони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон низ аз тасмими худ ба таъсиси як родию ва пахши барномаҳои он бар рӯйи мавҷи “ФМ” хабар дода буданд.
Усмон Солеҳ, масъули бахши таблиғоти Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло иҷрои ин тарҳ ба таъвиқ дароварда шудааст, зеро то ҳол масъалаи таъмини ҳазинаи фаъъолияти ин шабакаи родиюӣ ҳалли худро наёфтааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120822_if_islam_party_tv.shtml