Нишасти хабарии соҳаҳои иҷтимоии шаҳри Панҷакент

Дар нишасти матбуотии соҳаи иҷтимоиёт, ки бо ширкати шӯъбаи маориф, тандурустӣ, роҳбарони коллеҷҳову донишкадаи омӯзгорӣ, фарҳанг ва дар умум беш аз 10 намояндаи шӯъбаву муассисаву ташкилоти шаҳри Панҷакент баргузор гардид, хабарнигорон вобаста ба соҳаҳои марбута саволу пешниҳодҳои хешро баён доштанд.

Журналист: Оё ба ғайр аз оне, ки корафтодагон ба хазинаи бонк маблағи хизматрасонии шуморо месупоранду вале кормандонатон аз корафтодагон маблағи иловагӣ талаб мекунанд, хабар доред?

Заррина Фатҳуллоева, мудири САҲШ дар Панҷакент: — Боре ҳам аз тарафи шаҳрвандон ба мо ин гуна шикоятҳо нарасидааст. Агар ягон шикоят бошад мо тайёрем, ки онро баррасӣ кунем.

Журналист: Масъалаи соҳиби бино шудани коллеҷи тиббӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Муҳаббат Собирова, роҳбари колеҷи тиббии шаҳри Панҷакент: — Дар сохтмони бино ҳукумати вилояти Суғд ваъда доданд, ки кӯмак расонанд, аммо масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони бинои колеҷ то ҳол ҳал нагардидааст.

Журналист: Шикоят аз дер расонидани газетаҳо аз тарафи почта зиёд аст, ин муаммо то кай боқӣ мемонад?

Ибодова Муқаддам, сардори почта дар шаҳри Панҷакент: — Барои кашонидани газетаҳо маблағ кам аст, имконияти молиявӣ кам аст. Ҳатто аз як газета 4 дирам барои расонидан нарх мегузоранд, ки ин хеле кам мебошад.

Журналист: Сабаб дар чист, ки таваллудхонаи марказии шаҳри Панҷакент яке аз ҷойҳои хабарсозу доғ аз ҷиҳати порагирӣ боқӣ мондааст?

Маҳмадмурод Сафаров, сардори беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент: — Хизматрасонӣ ба модару кӯдак яке аз вазифаҳои нозук ва мушкил мебошад, ки аз мутассадиён чусту чолокӣ ва ҳушёриро талаб мекунад. Аммо, мутаасифона, чунин ҳолатҳои ногувор рух доданд…

Журналист: Дар моддаи 6-и қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” омадааст, ки давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона, ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад. Дар Панҷакент чанд нафар дар хона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд?

Мақсаттулло Шарипов, мудири маорифи шаҳри Панҷакент: — Дар соли таҳсили гузашта 9 нафар маъюб дар хонаҳояшон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ҳамчунин дар доираи барномаи таҳсилоти инклюзивӣ дар чанд мактаб хонандагони маъюб дар баробари дигар хонандаҳо таҳсил мекунанд.

Журналист: Чаро номи устод Лоиқ Шералӣ аз колеҷи омӯзгорӣ гирифта шуд?

Ҷовид Холов, сарвари коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент: — Дар ҳақиқат соли 2010 дар вақти аз омӯзишгоҳ ба коллеҷ гардонидани ин даргоҳ дар лоиҳаи қарор ба иштибоҳ рух дода шудааст ва номи устод ғалтидааст. Мо ният дорем то 90-солагии коллеҷи мазкур номи устод Лоиқро барқарор кунем.

Дархосту пешниҳодҳо ба ҳукумати шаҳри Панҷакент:

• Ба номи Бӯриниссо Бердиева ва Отахон Латифӣ ягон ҷоиза ё озмун таъсис дода шавад.

• Символ ё рамзи 5500-солагии Саразм бо ҷалби меъморону рассомон ва олимону адибон ташкил карда шавад.

• Тақсимоти обуна дар ташкилоту муассисаҳо, аз рӯи адолат ва бе хатогиҳо ба роҳ монда шавад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17205-nishasti-khabarii-so-a-oi-i-timoii-sha-ri-pan-akent.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *