Санаи 1-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҳидоят Бишчевич, сардори намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир мекунад.
Тибқи иттилоъ, нишаст соати 10:00 дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Адҳамов, хонаи 74) баргузор мегардад.
Интизор аст, ки дар нишасти хабарӣ, ҳамчунин Дидие Леруа, сафири Фаронса, Ҳолгер Грин, сафири Олмон ва Ҳю Филпотт, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иштирок намоянд.
Дар нишаст иштироки намояндагони ВАО низ дар назар дошта шудааст ва хоҳишмандон бояд рӯзи сешанбе 30-уми июн, то соати 15:00 иштироки худро тасдиқ намоянд.
http://faraj.tj/news/9773-nishasti-habarii-namoyandagii-ia-dar-to1207ikiston.html