НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ МАВҚУФ ШУД

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба рӯзи 28-уми январ мавқуф гузошта шуд. Тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президент бояд ин нишаст пагоҳ, 22-юми январ баргузор мегардид.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ сабаби ба таъхир афтодани нишасти матбуотиро дар сафари хидмати будани роҳбарият арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин пагоҳ, 22-юми январ нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор мегардад.

Макон: Бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зист воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-5.

Оғози нишаст соати 10:00

Дар бинои Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар назар аст, пагоҳ, нишасти матбуотии ин бонк соати 14:00  гузаронида шавад.

http://tojnews.org/nishasti-matbuotii-vazorati-korhoi-khoriji-ba-takhir-aftod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *