Нишастҳои хабарии вазорату идораҳо каме дертар баргузор мешаванд

Нишастҳои хабарии солонаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ на чун маъмулан даҳаи аввали моҳи январ, балки аз нимаи ҳамин моҳ оғоз мегарданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии каме дертар оғоз гардидани нишастҳои хабарӣ дар он аст, ки пас аз баргузории маъракаи интихоботи президент дар кишвар дар сохтори ҳукумат як қатор тағйиротҳо ба амал омаданд.

«Масалан, чанде аз вазорату идораҳо барҳам ё муттаҳид карда шуда, якчанд вазорату идораҳои нав таъсис ёфтанд ва барои роҳбарони онҳо ҷиҳати вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум ва посухи муфассал ба саволҳои онҳо омодагии ҳамаҷониба мебояд гирифт», — иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидаааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *