Нишастҳои матбуотии раисон ба кори худ оғоз мекунад

Нишастҳои матбуотии раҳбарони ниҳодҳои ҳукуматӣ ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистон аз 13 январ оғоз гардида, то 7 феврали соли равон идома меёбад, мегӯяд дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарон зимни ин нишастҳо аз натиҷаҳои корашон дар соли 2013 ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.

Қарор дар мавриди баргузории нишастҳои матбуотии семоҳа ҳанӯз соли 2005 аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки ҳадаф аз он таъмини фаъолияти шаффофи вазорату муассисаҳои давлатии кишвар ва дастрасии ВАО ба иттилоот гуфта мешуд.

Дар моҳи сентябри соли 2011 ба ин қарор тағирот ворид карда шуд, ки дар асоси он нишастҳои матбуотии семоҳа ба шашмоҳа табдил ёфтанд.

http://faraj.tj/news/4056-nishast1203oi-matbuotii-raison-ba-kori-hud-o1171oz-mekunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *