Нишастҳои матбуотӣ шуморо қонеъ мекунанд?

Моҳи январ нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ оғоз гардид. Ин нишастҳо, ки инак чанд сол мешавад идома дорад, бо фармони махсуси Президент ташкил шудаву гузаронида мешуд. Мақсад аз нишастҳои матбуотӣ ин ба суолҳои худ посух гирифтани рӯзноманигорон ва ба ҷомеа ҳисобот додани роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Тӯли солҳое, ки нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд, бардошти рӯзноманигорон аз он якранг набуд. Ба қавле, нишастҳои баъзе идораҳо хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯзноманигорон мегузашту нишастҳои баъзе идораҳои дигар рӯзноманигоронро қонеъ намекард. Имсол ҳам нишастҳои матбуотӣ баргузор гардида истодаанд ва пас аз ҳафтае ба охир мерасанд ва бардоштҳо ҳам гуногунанд. Аз ин сабаб хабарнигори ҳафтаномаи «Самак» аз чанд нафар рӯзноманигоре, ки пайваста дар нишастҳои матбуотӣ иштирок мекунанд, пурсид: Нишастҳои матбуотӣ шуморо қонеъ мекунанд?

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори хабаргузории «Авеста»:

Нишастҳои матбуотӣ маро то андозае қонеъ мекунад. Танҳо дар сурате, ки худи вазирон ва ё роҳбарони кумитаву хадамотҳо иштирок кунанд. Дигар аз он журналистон ба саволи худ посух мегиранад ё не, ин ба саволи худи журналист вобаста аст.

Ман инҷо як мисол меорам, ки маро қонеъ накард. Нишасти матуботии Кумитаи радио ва телевизион манро қаноат накард, чунки дар ин нишаст аввал ин ки раиси ин ниҳод иштирок надошт, (албатта сабаби набудани раисро муовини он ҷаноби Сиддиқов гуфт). Вале ҷавобҳои худи ӯ ба саволҳои журналистон сатҳи буд. Шахсан ман дар бораи фоизи тамошобинони ТВ пурсидам, дар посух ҷавоб чунин буд, ки гӯё фарогирии аҳоли ба барномаҳои шабакаи якуми ТВ «Точикистон» 99, 72 фоиз, ТВ «Сафина» 92, 7 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳеҷ бовари кас намеояд.

Ҳарамгул Қодирова, журналист:

Нишастҳои матуботӣ қонеъ мекунад, чун хабарнигор ё ВАО ҳамеша ташнаи иттилоъ аст ва ба мақомот суол дорад. Афсус мехӯрам, ки нишастҳои cе моҳаро ба шаш моҳа иваз карданд. Ин мантиқан хато буд, чун мақомот вазифадор буд, ки ҳисобот диҳад аз фаъолияташ ва мо ҳам ҳақ дорем, ки ба суолҳои худ посух гирем. Аммо онҳое, ки худро пешвои ВАО мегиранд, хангоми ба шаш моҳ тамдид кардани фармони Президент бемасъулиятӣ нишон доданд, то ки шакли аввалаи баргузории нишастҳои матбуотӣ боқӣ монад. Роҳбарони баъзе вазорату кумита аз иштирок дар нишасти матбуотӣ фирор карданд, ки ин нописандӣ ба амри роҳбари давлат буд. Барои мисол, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радио дар кабинеташ буд, аммо бо баҳонаи «назди Президент» ба нишасти матбуотӣ ҳозир нашуд. Раиси Кумита оид ба корҳои дин ду навбат аст, ки масъулияти раисии худро мешиканад ва ба суолҳои ВАО ҷавоб намегӯяд, аммо бо гузашти ним сол на Дастгоҳи иҷроияи президент ва на ВАО нисбати ин мансабдори давлатӣ чора надид. Мешавад аз нишасти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» истиқбол кард, ки роҳбари аввали он бо масъулони корхона бидуни маҳдудияти вақт ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Ҳатто роҳбари аввали он, ки хелеҳо интизор доштанд эҳтимол баъди садамаи фарзандаш бо ВАО рӯ ба рӯ нашавад, ба нишаст омад ва ҳатто ба ин ҳодиса равшанӣ андохт ва гуфт, ки писараш чанд сола ва куҷост ва барои чӣ Олмон рафта буд. Вазорати фарҳанг ҳам нишасти матбуотии худро ошкору муносиб гузаронид. Хуб мешуд мақомот бидуни нишастҳои шашмоҳа бо назардошти ҳодисаҳое, ки дар ин миён рух медиҳанд ва ба соҳаҳои онҳо марбут аст, нишасти матбуотӣ доир кунанд. Аз ин ки ВАО инъикосро якҷониба ё тобиши дигар медиҳад ва аксари ҳолат мақомот аз бозтобии иттилоъ изҳори нигаронӣ ё норозигӣ мекунанд, беҳтараш ҳамқадами замону суръат шаванд.

Сафарбек Кабиров, хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews»:

На ҳамаи нишастҳои сохтору мақомотҳои давлатӣ қонеъкунанда аст. Аксарияти мансабдорон дар нишастҳо ҳисобот медиҳанду талош мекунанд, ки вақти кам барои суолҳои зиёди хабарнигорон ҷудо намоянд. Бадбахтона, меъёр доранд, ки бояд вақти нишасти матбуотӣ аз як соат бештар набошад. Маслан, дирӯз, зимни нишасти матбуотии Бонки миллӣ интизор будам, ки навбатам барои пешниҳоди суол мерасад, аммо вақти нишаст ба поён расид. Агар мақсад ҳисобот додан бошад, шарт нест, ки рӯзноманигорон даъват намоянд. Беҳтар аст, бидуни саргардонӣ ҳисобати худро ба идораҳои расона ирсол намоянд. Вале агар мақсад дар рӯ ба рӯи рӯзноманигорон аз каму костаҳо, муваффақияташон гуфтан бошад, пас чунин корро холисона анҷом диҳанд.

 

Ганҷина Ганҷова, хабарнигори радиои «Озодӣ»:

Нишастҳои матбуотии соли 2013 қаноткунанда нестанд, чунки дар бештари онҳо чеҳраҳои аввали вазорату кумитаҳо ҳузур надоранд ва бештари онҳо танҳо ба хотири намоиш аст. Масалан, ин ҷо чандин вазоратхонаҳоро мисол меорам, ки шахсони авали ин ниҳодҳо дар нишастҳои матбуотиашон ҳузур надоштанд: Кумитаи радио ва телевизион, Телевизиони «Сафина», Хадамоти гумрук, Вазорати маориф, Вазорати корҳои дохила, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайрҳо. Набудани шахсони аввали ин сохторҳо ба посух гирифтани суолҳои хабарнигорон монеъ эҷод мекунад. Чунки вақте ки бархе аз рӯзноманигорон саволи ҷиддитар пешниҳод мекунанд, ҷонишинҳои онҳо баҳона пеш меоранд, ки ин суол ба вазир тааллуқ дорад, мо ба ин савол посух дода наметавоем, ҳоло он ки вазир худаш дар ин нишаст ҳузур надорад. Он нишастҳои матбуотие, ки имрӯзҳо мегузаронанд, аз як ҷиҳат зарур аст, чунки хабарнигорон ба ин ё он саволи худ посух мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои посух гирифтани ин ё он савол дар сохторҳои мо мушкилӣ ҷой дорад. Одатан вақте ки журналистон ба ин ё он сохтор бо кадом як савол муроҷиат мекунанд, онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки мактуб намуда ба таври расмӣ муроҷиат кунем. Аммо вақте ки мактуб намуда, расман муроҷиат мекунем, бархе аз мақомотҳо дар тӯли 1-2 моҳ ҳам ҷавоб намегардонанд. Бештари рӯзноманигорон ба хотири он мераванд, ки ба саволҳои иловагии худ посух гиранд, на ба хотири гӯш намудани ҳисоботи онҳо, ки бештар аз фаъолияти сохтори худ васф мекунанд.

Саидэҳсон Солиев, хабарнигори радиои «Ховар»:

Назари ман ба нишастҳои матбуотии сохторҳои кишвар (он сохторҳое, ки рафтам) як хел нест. Масалан, нишасти матбуотии Кумитаи дин маро қонеъ накард, чунки роҳбарияти ин ниҳод ба хабарнигорон пешниҳод кард, ки хабарнигорон танҳо якто савол диҳанд. Аммо нишастҳои Вазорати адлия, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва чанд идораи дигар қонеъкунанда буд, чун суолҳо дар ин нишастҳо бепосух намонданд.

http://faraj.tj/main/4413-nishast1203oi-matbuot1251-shumoro-1179one-mekunand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *