[b]Рӯзи 11-уми март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ шуд. Ин рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд, ки аз ҷониби як зумра рӯшанфикрон ва фарҳангиёни тоҷик таъсис дода шуд.[/b]
То он замон, агар дар Осиёи Миёна, ки аз ибтидо қаламрави забону адаб ва тамаддуни тоҷикӣ (форсӣ) буд, матбӯъоти русӣ (нашрияҳои \»Туркестанские ведомости\»-1870, \»Туркестанская туземная газета\»-1870, \»Окраина\» — 1890,) ва туркии чағатоии узбакӣ (\»Туркистон вилоятининг газети\») вуҷуд дошт, вале ҳеч рӯзномае ба забони сокинони асливу қадимии минтақа набуд.
Ин дар ҳолест, ки вақте барои тарғиби сиёсатҳои Русияи подшоҳӣ мавзӯъи ташкили матбӯъот бо забони маҳаллӣ пеш меояд, тибқи навиштаи окодемисиян Бартолд, бояд аввалин нашрия \»бо тоҷикӣ ва қирғизӣ\» мебуд, вале баъдтар он ба забони туркии чағатоии узбакӣ мунташир мешавад.
Аз таърихи ташкил ва ташаккули матбӯъот дар сарзамини Фарорӯд яқинан рӯшан мешавад, ки русҳо (чи дар даврони подшоҳӣ ва чи дар даврони болшевикӣ) бо тамаддуни форсию тоҷикӣ мушкил доштаанд. Яъне ягона тамаддуне, ки дар ин сарзамин аз сиёсатҳо ва манфиъатҳои русҳо дар дарозмуддат метавонист монеъ шавад, тамаддуни тоҷикӣ буд.
Ба ин манзур русҳо аз ҳар роҳе мехостанд, ки ин фарҳанг таҳти фишор қарор бигирад. Яке аз ангезаҳои мантиқии эҷод ва роҳандозии ҷараёни понтуркисм дар Осиёи Миёна тавассути русҳо низ талоши расидан ба ҳамин аҳдоф будааст.
Ба ин манзур, таъсиси \»Бухорои шариф\» як падидаи ҷолиб дар тамаддуни асри 20 барои миллати тоҷик мебошад. Он замоне сари кор омад, ки дар Бухоро ва дигар мантақаҳои қаламрави тамаддуни тоҷикӣ муборизоти шадиде алайҳи фарҳанг ва тамаддуни мо дар ҷараён буд.
Баъдан дар чандин марҳилаи сарнавиштсоз аз \»Бухорои шариф\» ба унвони як санад ва далели қотеъ дар муқобили душманони миллати тоҷик истифода шуд. Аз ҷумла, дар солҳои бистуми асри 20 яке аз далелҳои радднопазири Аллома Айнӣ алайҳи понтуркистон ҳамин рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд.
Матбӯъоти тоҷик аслан аз ҷониби муҳаққиқон даврабандии илмӣ нашудааст, аммо усулан онро метавон ба се давраи шартӣ: тошӯравӣ, шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо кард.
[b]Давраи аввал: матбӯъоти тошӯравӣ[/b]
Нашрияи \»Бухорои шариф\» 11-уми марти соли 1912 дар Бухоро таъсис ёфт. Муассисонаш Мирзосироҷи Ҳаким ва Мирзомуҳиддин Мансуров буданд. Муҳаррираш Мирзоҷалол Юсуфзодаи озарбойҷонӣ буд.
То моҳи январи соли 1913 153 шумораи ин нашрия ба табъ расид. Дар ибтидо ба ҷуз рӯзи ҷумъа, 6 маротиба нашр мегашт. Баъдан 4 ва дар марҳилаҳои баъдӣ 3 бор дар ҳафта нашр мешуд.
Таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ (форсӣ) ба осонӣ даст надодааст. Он натиҷаи талош ва заҳмати бисёр гарону миллатхоҳонаи нухбагони фикриву фарҳангии тоҷикони асри бист мебошад.
Аллома Айнӣ, ки яке аз муаллифони ҳамешагии ин нашрия буд (ҳарчанд худи устод бар асари авомили сиёсиву амниятӣ ин паҳлӯйи фаъъолияти гаронбори худро дар осораш зикр намекунад) дар мавриди рӯйи кор омадани он менависад:
\»Ҷавонбухориён бо латоиф-ул-ҳияли бисёр дар соли 1330 ҳиҷрӣ ба воситаи вакили сиёсии Русия аз амир рухсати нашр кардани як рӯзномаро гирифтанд\».
Аммо баъдан ин рӯзнома боз ҳам бо дахолат ва дархости вакили сиёсии Русия аз ҷониби амир Олимхон баста шуд. \»Бухори шариф\» замимае ҳам бо номи \»Тӯрон\» ба забони туркии узбакӣ дошт.
Бояд гуфт, ки баъд аз қатъи фаъъолияти рӯзномаи \»Бухорои шариф\» матбӯъоте, ки дар Бухоро ва дигар минтақаҳои Осиёи Миёна таъсис ёфтаанд, бештар дузабона буданд.
Яке аз нашрияҳои дузабона маҷалаи \»Ойина\» буд, ки ба забонҳои форсиву туркӣ нашр мешуд. Бунёнгузор ва муҳаррири он, ки 20 августи соли 1913 дар Самарқанд таъсис шуд, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, рӯшанфикри маъруфи тоҷик, буд.
Сайидризо Ализода, донишманд ва рӯзноманигори маъруф, яке аз муаллифони доимӣ ва асосии ин маҷалла будааст. Ба навиштаи устод Айнӣ, Беҳбудӣ ҳангоми сафарҳояш масъулияти нашри маҷалларо ба зимаи Ализода мегузошт ва дар ин ҳангом матолиби тоҷикии маҷалла нисбат ба матолиби узбакӣ бештар ба табъ мерасид.
То моҳи феврали соли 1915 68 шумораи ин маҷалла чоп шуд, ки бештар ба масоили ислоҳи мактабу маъориф ва дин таваҷҷуҳ доштааст.
Нашрияи дигар \»Садои Туркистон\» буд, ки соли 1914 ташкил шуд. Ҳамагӣ 66 шумора аз он ба табъ расид. Муҳаррири ин нашрия Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев буд.
Нашрияи \»Садои Фарғона\» 3 апрели соли 1914 ташкил шуд ва то соли 1916 ба табъ расид. Муҳаррир ва ношири он Обидҷон Маҳмудов буд. Ин нашрия бештар ба забони туркӣ матолибе интишор медод. Ҳамчунин, замимае бо номи \»Тирик сӯз\» низ дошт.
\»Рӯзномаи моварои баҳри Хазар\» аз 14 декабри соли 1914 то феврали соли 1917 дар Ишқобод бо забонҳои тоҷикиву туркманӣ нашр мешуд. Ин нашрияи манфиъатҳои ҳукумати подшоҳии Русияро бештар бозтоб медод.
\»Хуршеди ховар\» маҷаллаи муҳоҷирони эронӣ дар Ишқобод буд, ки аз соли 1917 то соли 1926 нашр шудааст. Ин маҷалла асосан бо забони форсӣ ва баъзан бо забони туркии озарӣ низ матолибе интишор медод.
Нашрияи \»Ҳуррият\» солҳои 1917-18 дар Самарқанд асосан ба забони узбакӣ чоп мешуд. Баъзе аз ахбори расмӣ ва шеърҳоро ба забони тоҷикӣ (форсӣ) низ нашр кардааст. Муҳарриронаш Акобиршоҳ Мансурзода ва Абдурауфи Фитрат буданд.
\»Изорулҳақ\» маҷаллаи диниву фалсафии понтуркистон буд. Ин маҷалла соли 1918 дар Тошканд бо забони узбакӣ ташкил шуд, аммо баъзе шеъру матолиби тоҷикӣ низ дошт.
[b]Давраи дувум: матбӯъоти шӯравӣ[/b]
\»Шуълаи инқилоб\» ҳафтаномаи кумитаи вилоятии Ҳизби кумунисти Туркистон буд, ки 10 апрели соли 1919 дар Самарқанд ташкил шуд ва то декабри 1921 91 шумора аз он ба табъ расид.
Муҳаррири ин нашрия Сайидризо Ализода буд. Устод Айнӣ аз муаллифони доимии \»Шуълаи инқилоб\» буд ва беҳтарин осори рӯзноманигории худро дар ин нашрия мунташир кардааст.
Ин ҳафтанома баъд аз қатъи нашри \»Бухорои шариф\» дувумин нашрияи комилан тоҷикӣ (форсӣ) дар Осиёи Миёна дар оғози қсадаи 20 буд. Рӯйи кор омадани \»Шуълаи инқилоб\» талош ва заҳамоти арзандаи миллатхоҳонаи Сайидризо Ализода, устод Айнӣ ва дигар дастандаркорони шуъбаи форсии ҳизби кумунисти Туркистон буд.
Масъала ин ҷост, ки дар ибтидо дар Туркистони шӯравӣ тоҷикон ҳатто ба унвони ақаллияти миллӣ низ эътироф нашуда буданд. Баъдан бо эҳтимом ва талошҳои хастагинопазири як гӯруҳ фарҳангиёни тоҷик дар Туркистон шуъбаи форсӣ (аз ҳисоби тоҷикон, афғонҳо ва эрониён) таъсис шуд.
Нашрия ба ҷуз Осиёи Миёна дар Эрон ва Афғонистон низ маҳбубият ва хонандаи зиёде доштааст.
Аз муҳиммтарин хадамоти \»Шӯълаи инқилоб\» мубориза бо понтуркистон буд, ки \»душманони миллати тоҷик, ва забону фарҳанги он\» маҳсуб мешуданд.
Ба навиштаи пажӯҳишгарон, понтуркистон ҳамеша ба дунболи мутаваққиф кардани нашрия буданд ва иддаъо доштанд, ки чунин миллате бо номи \»тоҷик\» вуҷуд надорад ва нашрияе бо ин забон ҳам ҳаққи мавҷудият надорад. Ин нашрия ба матбӯъоти нави тоҷикӣ — матбӯъоти ҳизбиву шӯроӣ асос гузошт.
\»Қутулиш\» низ унвони нашрияе буд, ки 28 июни соли 1920 дар Тошканд нашр шудааст. Баъдан дар Когон (Бухорои нав) ба табъ мерасид. Асосан бо забони тоҷикӣ (форсӣ) матолибе интишор медод.
Баъзе аз матолиби ин нашрия узбакӣ буд. Муҳаррираш Абдуқодир Муҳиддинов буд, ки баъдан аз раҳбарони ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон буд. Абдулвоҳиди Мунзим, Абдуррауфи Фитрат ва устод Айнӣ низ аз муаллифони ин нашрия буданд.
Нашрияи \»Учқун\» дар моҳи апрели соли 1920 таъсис шуд ва ҳамагӣ 8 шумора аз он чоп шуд. Ин нашрия бо забонҳои тоҷикиву узбакӣ матолибн нашр менамуд. Файзуло Хоҷаев ва Фитрат аз фаъъолтарин муаллифони он буданд.
Нашрияи \»Бухоро ахбори\» ургони ҳукумати муваққатии инқилобии Бухоро буд, ки асосан бо забони узбакӣ нашр мешуд. Аз тоҷикон, устод Айнӣ, Аббос Алиев ва Абдуқодир Муҳиддинов дар ин нашрия мақолоте интишор додаанд.
\»Рӯшноӣ\» нашрияе барои яҳудиёни Бухоро буд, ки аз декабри соли 1921 то миёнаҳои соли 1922 бо забони тоҷикӣ (форсӣ), ба шеваи яҳудиёни Бухоро, дар Тошканд ба табъ мерасид. Баъдан яҳудиён нашрияҳои дигаре бо номҳои \»Байрақи сурх\» ва \»Адабиёти советӣ\» низ доштанд.
Пас аз мутаваққиф шудани чопи \»Шуълаи инқилоб\» \»Овози тоҷик\» севумин нашрияи комилан тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд буд. Ба иборати Устод Айнӣ, \»Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунуданд, баромад оқибат \»Овози тоҷик\».
Рӯзи 25 августи соли 1924 нахустин шуморааш бо номи \»Овози тоҷики камбағал\» бо сардабирии Абдулқаюми Қурбӣ ва котибмасъулии Сайидризо Ализода нашр шуд. Ин рӯзнома ҳам бо кӯшишҳои гаронбору арзишманди фарҳехтагони тоҷик ташкил шуд.
Дар шароите ки Фарорӯдро мавҷи понтуркисм бо дастгирии русҳо аз ҳам мепошид, ин рӯзнома ба нафъи миллати тоҷик таъсис ёфт. Аз декабри соли 1924 ин нашрия мақоми ургони Кумитаи ҳизби кумунистии Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистонро гирифт.
То 1 июни соли 1925 нашрияи \»Овози тоҷик\» ин мақомро ҳифз кард ва баъдан ургони Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Узбакистон шуд ва номи \»Ҳақиқати Узбакистон\»-ро гирифт.
\»Ҷумҳурият\», ки акнун нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аввалин шуморааш 15 марти соли 1925 бо номи \»Иди тоҷик\» нашр шуда буд. Муҳаррири аввалини он Аббос Алиев буд. ин нашрия муддате бо номи \»Бедории тоҷик\» ҳам нашр шудааст.
Баъдан номи он чанд бор иваз шуд ва ба номҳои \»Тоҷикистони сурх\», \»Тоҷикистони советӣ\», \»Тоҷикистони шӯравӣ\» ва ҳамакнун бо номи \»Ҷумҳурият\» мунташир мешавад.
Сардабиронаш дар давраҳои гуногун Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Алӣ Исмоъилзода, Сайидбоқир Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қулӣ Обдинов, Сайфулло Абдуллоев, Нисормуҳаммад, Дяков, Муҳаммад Мусавӣ, Қосим Дайламӣ, Ғуломризо Ализода, Аминҷон Шуқуҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов ва Камоли Абдурраҳим буданд.
Нашрияи \»Қизил Тоҷикистон\» аз моҳи октябри соли 1928 ба ин сӯ ба табъ мерасад. Ҳоло ҳамчун нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба забони узбакӣ бо номи \»Халқ овози\» нашр мешавад. Муҳаррираш ҳоло Ҳайдар Ҷураев аст.
Нашрияи русизабони \»Советский Таджикистан\» аз моҳи ноябри соли 1925 ба ин сӯ нашр мешавад. ин нашрия дертар номи \»Коммунист Таджикистана\»-ро гирифт. Ҳоло ҳамчун нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон бо номи \»Народная газета\» ба забони русӣ ба табъ мерасад.
Нашрияи \»Мулло Мушфиқӣ\» аз моҳи апрели соли 1926 ба ин сӯ нашр мешавад. Аввал ин нашрия \»Ширинкор\», баъдан \»Мулло Мушфиқӣ\» ва \»Мушфиқӣ\» ном гирифт. Ҳоло бо номи \»Хорпуштак\» ба табъ мерасад. Маҷаллаи ҳаҷвӣ буд ва дар замони Шӯравӣ бисёр маъруф буд.
Дар охири солҳои бистум нашрияҳои дигаре монанди \»Раҳнамои мухбирон\», \»Саводи меҳнат\», \»Дониш ва омӯзгор\», \»Роҳбари дониш\» низ ба табъ расидаанд, ки хадамоти арзишмандеро барои фарҳанг ва ҷомеъаи Тоҷикистон анҷом додаанд.
Шумораи нахусти нашрияи \»Комсомоли Тоҷикистон\» 5 апрели соли 1930 ба чоп расид. Ҳоло ин нашрия бо номи \»Ҷавонони Тоҷикистон\» ба унвони нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон нашр мешавад.
Муҳаррири аввалинаш Мақулшоев буд. Ин нашрия аз маъруфтарин рӯзномаҳо дар замони шӯравӣ буд. Дар солҳои бозсозӣ ва ибтидои солҳои навадум хеле нақши барозанда дошт.
Дар солҳои 30-юми қарни гузашта як силсила нашрияҳои шаҳриву вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар Тоҷикистон ташкил шуданд. Нашрияи \»Пионери Тоҷикистон\» барои кӯдакону наврасон соли 1932 таъсис ёфт, ки ҳоло бо номи \»Анбоз\» ба табъ мерасад.
Маҷаллаи адабии нависандагони Тоҷикистон, ки дар моҳи августи соли 1932 бо номи \»Барои адабиёти сотсиалистӣ\» ташкил шуд, баъдан бо номҳои \»Шарқи сурх\» ва аз аввали солҳои ҳафтодум бо номи \»Садои Шарқ\» нашр мешавад. Ҳоло он маҷаллаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Яке аз маҷаллаҳои маъруф дар замони Шӯравӣ маҷаллаи \»Занони Тоҷикистон\» буд, ки аз соли 1932 то 1957 бо номи \»Бо роҳи Ленин\» нашр мешуд. Баъдан номи \»Занони Тоҷикистон\»-ро гирифт. Ин маҷалла вижаи занону духтарон буд, ки ҳоло низ бо номи \»Фирӯза\» нашр мешавад.
Маҷаллаи кӯдаконаи \»Машъал\» аввал бо номи \»Пионер\» нашр мешуд. Оғози нашраш соли 1952 аст. Ҳоло ин маҷалла бо номи \»Истиқбол\» нашр мешавад.
Нашрияи \»Маъориф ва маъаданият\» аз соли 1932 то соли 1938 бо номи \»Барои маъорифи кумунистӣ\» чоп шуд. Баъдан номи \»Газетаи муаллимон\» ва аз соли 1959 номи \»Маъориф ва маъданият\»-ро гирифт.
Баъдан боз ба \»Газетаи муаллимон\» (1981) табдили ном кард ва ҳоло бо номи \»Омӯзгор\» дар Тоҷикистон нашр мешавад. Яке аз муҳаррирони варзидааш Буринисо Бердиева буд.
\»Чашма\» нахустин маҷаллаи мусавварест, ки барои кӯдакони синни кӯдакистон соли 1986 таъсис ёфт. Дар охири даҳаи 1980 ин аз маҷаллаҳои маъруф барои кӯдакон буд.
Давраи сеюм: Замони истиқлол
Бо таваҷҷӯ ба хусусият ва касбияташон матбӯъоти солҳои аввали даҳаи 1990-ро низ метавон шомили матбӯъоти замони истиқлол кард. Тасвиби қонуни Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 \»Дар бораи матбӯъот ва расонаҳои дигар\» барои рӯйи кор омадани матбӯъоти озод замина фароҳам сохт.
Ин матбӯъот пас аз неҳзатҳои миллию озодихоҳӣ ва ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои сиёсиву иҷтимоъии авоили даҳаи 1990 рӯйи кор омад. Дар даҳаи 1990 рӯзномаҳои тоза, аз қабили \»Чароғи рӯз\», \»Адолат\», \»Ҳафтганҷ\» \»Растохез\», \»Ҷоми Ҷам\», \»Сухан\», \»Нидои ранҷбар\», \»Голос Таджикистана\», \»Тоҷикистон\», \»Курер Таджикистана\», \»Чархи гардун\», \»Дайджест пресс\», \»Бизнес и политика\», \»Паёми Душанбе\», \»Варзиш\», \»Илм ва ҳаёт\» (соли 1989), \»Минбари ислом\», \»Наврӯзи Ватан\», \»Наҷот\», \»Оинаи зиндагӣ\», \»Паёми ҳақ\», \»Сомон\», \»Ҷунбиш\», \»Садои мардум\» таъсис ёфтанд.
Вале ин даврае буд, ки матбуъот ба далели бурузи ҷанги дохилии панҷсола ва буҳрони фарогири иқтисодӣ дучори варшикастагӣ шуд. Бисёре аз нашрияҳо дар оғози даврони истиқлол баста шуданд ва тирожи бархе дигар аз нашрияҳо башиддат коҳиш ёфт.
Аммо аз оғози солҳои 2000 нашрияҳои наве монанди \»Нерӯи сухан\», \»Рӯзи нав\», \»Одаму олам\», \»Фараж\» \»Озодагон\», \»Миллат\», \»Нигоҳ\» рӯйи кор омаданд. Матбӯъоти давраи истифлол шева ва равишҳои мухталифи фаъъолият дошту дорад.
Танҳо баъд аз гузашти наздик ба бист соли истиқлоли Тоҷикистон ба рӯзноманигорон муяссар гардид, ки рӯзномаро ба вуҷуд биёваранд. Ва аввалин рӯзнома (на нашрия)-и замони истиқлол \»ИмрӯзNews\» мебошад.
Ибтикори таъсиси ин рӯзнома ба Рустами Ҷонӣ таъаллуқ дорад. Аммо бояд зикр кард, ки дар давоми бист соли истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо номгӯй нашрияву маҷаллаҳо рӯйи кор омаданд, вале бинобар сабабҳои гуногун муваффақ нашуданд ва чопашон бозмонд.
Ба гунаи мисол, метавон аз нашрияҳои \»Самар\», \»Суруш\», \»Посух\», \»Сухан\», \»Ҳафтганҷ\», \»Мардумгиёҳ\», \»Ҷаҳоннамо\», \»Саноати Тоҷикистон\», \»Автобис\», \»Восточный экспресс\», \»Мисбоҳ\», \»Бидуни сиёсат\», \»Фардо\», \»Дирафш\», \»Кишоварз\», \»Бомдод\», \»Реклама сервис\», \»Афродита\» ва ғайра ном бурд.
Дар ин миён, нашрияҳои муваффақе, аз қабили \»Пайкон\» ва \»Зиндагӣ\», буданд, ки бо марги муассисонашон чопашон мутаваққиф шуд.
Дар оғози солҳои дуҳазорум дар Тоҷикистон матбӯъоти ҷиддиву сиёсие, аз қабили \»Неруи сухан\», \»Рӯзи нав\», \»Одаму олам\» таъсис ёфта ва фаъъолият карданд, ки таъсири чашмгире дар фазои сиёсиву иттилоъотии кишвар доштанд.
Ҳоло маъруфтарин нашрияҳои кишварро чунин тасниф кардан мумкин аст:
Матбӯъоти расмӣ: \»Ҷумҳурият\», \»Народная газета\», \»Халқ овози\», \»Садои мардум\», \»Бонувони Тоҷикистон\» ва нашрияҳои ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.
Матбӯъоти соҳавӣ: нашрияҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлативу ширкатҳои тиҷоративу созмонҳои ҷамъиятӣ. Маъруфтарин нашрияҳои соҳавии Тоҷикистони муъосирро \»Омӯзгор\», \»Адабиёт ва санъат\», \»Нақлиёт\», \»Боҷу хироҷ\» ташкил медиҳанд.
Матбӯъоти мустақил: Нашрияҳои мустақилли имрӯзии Тоҷикистон, ки маъруфияти бештар доранд, асосан \»Чархи гардун\», \»Азия плюс\», \»Тоҷикистон\», \»Миллат\», \»Фараж\», \»Нигоҳ\», \»СССР\», \»Озодагон\», \»ИмрӯзNews\», \»Бизнес и политика\», \»Оила\», \»Муҳббат ва оила\» мебошанд.
Матбӯъоти ҳизбӣ: \»Минбари халқ\», нашрияи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, \»Наҷот\», нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, \»Нидои ранҷбар\», ки ба ҳизби кумунист таъаллуқ дорад, \»Иттиҳод\», ки нашрияи Ҳизби сусиёлист аст ва \»Меҳргон\», ки нашрияи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аст.
Маҷалаҳо: Маҷаллаҳои нисбатан машҳури Тоҷикистон имрӯз \»Садои Шарқ\», \»Тоҷикистон\», \»Илм ва ҳаёт\», \»VIPZONE\» ва \»Элита\» мебошанд.
Ҳоло тибқи омори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бештар аз 400 номгӯйи матбӯъоти гуногун дар ин кишвар номнавис шудааст ва бештари онҳо нашр мешаванд.
Албатта, дар ин матлаб зикри маъруфтарин нашрияҳои тоҷикӣ ва Тоҷикистон аз оғози нашри \»Бухорои шариф\» то кунун рафт, вагарна дар муддати сад сол теъдоди зиёди матбӯъот дар кишвар таъсис шуду фаъъолият намуд. Ҳар кадоме аз онҳо ҷойгоҳи махсуси худро дар фазои иттилоърасонии кишвар доштанд.
Дар ин авохир таъсири матбӯъот дар умури сиёсӣ каме бештар шудааст. Ҷуръати сиёсии матбӯъот ҳам бо таваҷҷуҳ ба фазои имрӯзӣ чашмрастар гардидааст. Вале ду мушкили пешорӯйи имрӯзи матбӯъотро наметавон нодида гирифт. Яке камтар риъоят шудани одоби журналистӣ ва ғаразҷуйиву кинатӯзӣ аз тариқи матбӯъот ва дигаре ба додгоҳ кашидани нашрияҳо ва рӯзноманигорон.
Ин ду мушкил бархоста аз батни ҷомеъаи мо ҳастанд, ки вуҷудашон боъиси ба тундӣ рушд кардани арсаи рӯзноманигории тоҷик мешавад. Баъзан баҳсҳои матбӯъотии мо шеваи ҷанги хиёбонии кӯдаконаро мегиранд. Ҳатто баъзан чунин матлабҳо ба қалами донишмандону фарҳангиёни мо таъаллуқ доранд, ки боъиси афсӯсу нигаронист.
Аммо масири садсолаи матбӯъоти тоҷик нишон медиҳад, ки он ҳамеша барои иҷрои рисолати асливу асосии хеш кӯшида, аз манфиъатҳои милливу давлатӣ ҳимоят кардааст.
Ҳоло матбӯъоти тоҷик дар низоми расонаҳои гурӯҳии кишвар ҷойгоҳи вижа дошта, барои ҳимоят аз манфиъатҳои миллӣ, устувор шудани пояҳои давлатдорӣ дар марҳилаи ҷадиди миллатсозиву давлатсозии мо нақши боризе дорад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120309_ea_tajik_press_100_years.shtml