“НИГОҲ”: ТИЛИСМИ ТОҶИКСОДИРОТБОНК ШИКАСТ (ИЗҲОРОТ)

Нашрияи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» дар бораи кӯшиши ғайриқонунӣ қатъ кардани нашри силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк” дар нашрия аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва қонуншиканиҳои судя Раҷабзода Ҳотам изҳорот пахш кард, ки матни пурраи он чунин аст:

«Ҳайати эҷодии “Нигоҳ” бо пахши изҳороти мазкур ва арзи эътиқоду эҳтиром ба волоияти ҚОНУН, принсипҳои ОЗОДИИ СУХАН, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии журналистӣ, диққати ҷомеаи журналистӣ ва шаҳрвандии кишвар, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқро дар соҳаи матбуот ва дигар ВАО ба факти рӯирост ва қонуншиканона монеъ шудан ба фаъолияти журналистӣ, кӯшишҳои ғайриқонунӣ қатъ кардани  нашри силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк” ва қонуншиканиҳои судяи Суди ноҳияи исмоили Сомонӣ Раҷабзода Ҳ.Н. ҷалб мекунад.

Мутобиқи Таъйиноти Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз 12-уми ноябри соли 2014, ки аз ҷониби судя Раҷабзода Ҳ.Н. қабул гардидааст, нашри силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк” то моҳиятан баррасӣ гардидани парвандаи гражданӣ ва эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд манъ карда шудааст, ки дар таърихи журналистикаи миллӣ назир надошта, қонуншикании маҳз аст, ЗЕРО:

а) Судя дидаву дониста, оиди мавҷуд будани дархости зирабти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар суд  ва баргузории мурофиа ба нашрияи “Нигоҳ” хабар надодааст;
б)  Таъиноити мазкур бе иштироки намояндаи қонунии нашрияи “Нигоҳ” қабул шудаааст;
в) Бархилофи талаботи қонун, аз баррасии дархости “Тоҷиксодиротбонк” даъвогарони ин қазия-Искандаровҳо огоҳ карда нашудаанд.

Бар замми ин, матни гӯиё таҳиякардаи судя Раҷабзода ҳамон иштибоҳоти грамматикӣ ва усулиро дорад, ки номаи 5 рӯз пеш навиштаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба “Нигоҳ”доро буд, яъне мустақилияти судя сахт зери шубҳа қарор дорад;

Тавре аз таъинот бармеояд, судя Раҷабзода Ҳ.Н. танҳо ба ваҷҳҳои беасоси дар дархости бонк зикргардида такя намуда, бе шунидани фикр ва ваҷҳу далели намояндаи “Нигоҳ”, бе омӯзиши ҳолатҳои элементарии қазия ба хулоса омадааст, ки:

а)  Мақола бо дахолати домоди Искандаровҳо Азизов Қ.А. рӯи чоп омадааст;
б)  Дар силсила-мақола “натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххас пешакӣ баён шудааст”;
в) “Натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххас, ки аз рӯи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор гирифтааст”.

Ҳар се хулосаи таъинот БАРЪАЛО НОДУРУСТАНД, зеро;

1) Дар мақолаи мазкур аз баррасии судӣ умуман (!) сухан ронда намешавад.  Судя дар рафти баррасии дархост ва қабули таъйинот ҳолатҳои корро наомӯхта, ҲАТТО ЯГОН МАТЛАБИ ИН СИЛСИЛА-МАҚОЛАИ “НИГОҲ”-РО НАХОНДААСТ. Агар мехонд, мутмаин мешуд, ки дархости бонк ғайриқонунӣ ва ғаразнок аст.
Дар се матлаби силсила-мақола сухан аз ҲОЛАТҲОИ КОР, амалҳои ғайриқонунии директори ҶДММ “Луна-2003” Рустам Қаюмов, кормандони алоҳидаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва дигар шахсони манфиатдор меравад ва натиҷаи ҳич як мурофиаи судӣ дар се мақола зикр нашудааст. Кирдори “муҳокимаи натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххаси судӣ” дар амалҳои журналистони “Нигоҳ” вуҷуд надорад.

2) Раҷабзода Ҳ. танҳо “ба итминоии комили Саидзода Ҳабибулло”-ҳуқуқшиноси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” такя кардааст, ки ба бовари ӯ “мақолаи мазкур  бо дахолат ва маблағгузории Искандарова Фароғат ва Искандаров Қурбон дар шахсияти домодашон  Азизов Қамарулзамон Астанович рӯи чоп омадааст”. Мо бар онем, ки “итминони комил”-и Саидзода- намояндаи ҷониби дар нашрия интиқодшаванда ваҷҳу далел шуда наметавонад.  Нигаред ба се ҳуҷҷати замимашуда, ки аз сатҳи корбарӣ ва саҳми ҳуқуқшиносҳои бонк дар асноди фошшуда далолат мекунанд. (Замимаҳои № 2,3,4)

3) Судя заифии касбии худро ба маърази тамошои умум гузошта, СЕ (!) ҲОЛАТИ аз ҷониби масъулини ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”  кӯшиши таъсир расонидан ба рафти мурофиаҳои судӣ ва монеъа эҷод кардан барои иҷрои ҳуқуқҳои касбии журналистони “Нигоҳ”-ро нодида гирифтааст. Агар судя, беғараз мебуд, ҳатман мақолаҳои чопкардаи Хадамоти матбуоти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар нашрияҳои “Имрӯз Нюс” (“Ҳамла ба “Тоҷиксодиротбонк”, № 153 (918)  аз 25-уми августи соли 2014) ва “СССР” (“Ҳамла ба “Тоҷиксодиротбонк-2”, № 40 (317)  аз 2-юми октябри соли 2014)-ро мавриди омӯзиш қарор медод, ки ҳар ду ҳам ТО САНАИ ЧОПИ силсила-мақолаи “Нигоҳ” рӯи чоп омада, ҳар кадоме:
а) КӮШИШИ ТАЪСИР РАСОНИДАН БА РАФТИ МУРОФИАҲОИ СУДӢ ВА БАРҚАРОР ШУДАНИ
АДОЛАТИ СУДӢ;
б)  КӮШИШИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ НАШРИ МАВОДҲОИ ФОШКУНАНДА ДАР “НИГОҲ” 
мебошанд.
Бо қабули чунин санади судии ғайриқонунӣ Раҷабзода Ҳ. манфиатдории худро ба фоидаи намояндагони бонк нишон додааст, чунки танҳо онҳо манфиатдоранд, ки амалҳои ғайриқонунии онҳо рӯи чоп наоянд, қонуншиканияҳошон барои мақомот фош нашавад.  Вагарна, ба дархостҳои журналистии “Нигоҳ” ҷавоб медоданду аз чопи мақолаҳо ва ифшои сирри бонкӣ дар нашрияҳои дигар худдорӣ мекарданд.

Судя Раҷабзода дар Таъиноти худ иқтисбоси зерин: “қисми 3, моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва моддаи 7-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳо”-ро” зикр кардааст.
Бояд махсус қайд кард, ки ин суханони судя нишонаи заифии касбии Раҷабзода Ҳ. мебошад, чунки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионӣ  “Дар бораи судҳо” вуҷуд надорад ва ғалат зикр кардани номи Қонуни конститутсионӣ аз ҷониби судя беэҳтиромӣ нисбат ба Конститутсия зоҳир ёфтааст. Ғалат овардани номи қонуни дуюмро ҳам дар таъинот ба виҷдони судя ҳавола мекунем.

Дар қонунҳои аз тарафи судя дар таъинот зикргашта мушаххас қайд гардидааст, ки ”воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигор ҳуқуқ надорад дар ахбораш НАТИҶАИ МУРОФИАИ СУДИИ КОРИ МУШАХАССРО пешакӣ баён кунад”, аммо судя таъиноти аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ дошта ва он ҳам нахустин бор дар 102 соли матбуоти даврии тоҷик қабул карда, дидаву дониста, дар таъйиноти худ ҳатто қайд накардааст, ки дар кадом бахши мақола оиди натиҷаи пешакии парванда сухан гуфта шудааст.
Дар мақола натиҷаи таҳқиқоти журналистии ҲОЛАТҲОИ КОР рӯи чоп омада, натиҷаи ягон мурофиа баррасӣ нашудааст ва нахоҳад шуд.

Ин ҳолатҳо дар парвандаҳо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура, Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд. Аммо аз тарафи ин мақомот дар баробари кормандони “Нигоҳ” ягон монеа эҷод нагардидааст. Баръакс, аксари онҳо бархилофи бонк, ба дархостҳои жуарналистӣ ҷавоб гуфта, аз натиҷаҳои тадқиқот истифода мебаранд.
Танҳо судя Раҷабзода Ҳ. мехоҳад бо ин таъинот ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва касбии мо бо роҳи ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ монеа ба вуҷуд орад.

Ин аст, ки “Нигоҳ” аз ҳуқуқшиносҳои варзидаи кишвар, созмонҳои журналистии  ватанӣ ва ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда, хоҳони таҳқиқи мавҷуд будани ҳадди аққал як мавриди истифодаи “Натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххас” дар се мақолаи ба нашр расида гашт. Мо бо боварии комил изҳор медорем ва натиҷаи таҳқиқи ҳуқуқии ҳар ҳуқуқшинос ва ё созмони мустақил собит хоҳад сохт, ки ин хел маврид вуҷуд надорад.

Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 13-и КМГ ҶТ – адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад.

Тибқи талаботи қисми 2-и ҳамин модда – Суд мустақилият, беғаразӣ ва хулосаи худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро анҷом медиҳад, ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида, оид ба оқибатҳои содир кардан ва ё накардани амалҳои мурофиавӣ огоҳ месозад, ба онҳо дар татбиқи ҳуқуқҳояшон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаҳои гражданӣ шароит фароҳам меоварад.

Аммо судя Раҷабзода Ҳ. бар хилофи талаботҳои моддаи 13-и КМГ ҶТ амал намуда, масъаларо яктарафа, нообъективона, бе таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии кор, истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли масъала баррасӣ намуда, дар ба ваҷҳои беасос  ва далелҳои беэътимод ва нодуруст баҳогузорӣ шуда такя намуда, Таъиноти беасос ва ғайриқонунӣ баровардааст.

Тибқи талаботи қисми 1 ва 2-и, моддаи 70-и КМГ ҶТ – Суд ба далелҳо аз рӯи эътимоди ботинии худ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, обективона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад. Аммо судя бар хилофи моддаи мазкур амал намуда, бе ягон далел санади судии ғайриқонуниро қабул намудааст.

Боиси таасуф аст, ки судя ҳатто манфиатдории худро нишон дода, дар таъинот хуқуқи тарафҳоро вобаста ба овардани шикояти хусусӣ ва муҳлати он зикр накардааст, ки талаботи моддаи 230-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, “Нигоҳ” ба Шӯрои адлияи ҶТ, аллакай шикоят бурда, ҳатман дар муддати муайяннамудани қонунгузорӣ аз болои таъиноти мавриди зикр ба суди болоӣ шикояти хусусӣ хоҳад бурд.
Зарур медонем таъкид созем, ки айни ҳол мо рӯи ду фарзия кор бурда истодаем, ки бинобар аввалӣ, ин қонуншиканӣ ҳаваскории судя Раҷабзода Ҳотам мебошаду бинобар дувумӣ, супориши Раёсати Суди Олии кишвар.

“Нигоҳ” дар кутоҳтарин фурсат ҳақиқати ин қазияро ҳам ошкор ва ба ҷомеа пешниҳод хоҳад кард.

Мо аҳли эҷоди нашрия, таъкидан мегӯем, ки ба ҳайси масъулони як  институти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳич гуна сензура, фишору таҳдидҳои аёну ноаёнро қабул надорем ва ба талаби ҳич қонуншикан, новобаста аз қудрату тавоноӣ ва таъсири фавқуллодааш ба низоми судии мамлакат итоат нахоҳем кард» .

http://www.tojnews.org/izhoroti-nigoh-tilismi-tojiksorirotbon-kushoda-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *