Нигина Амонқулова хаста шудааст

Нигина Амонқулова, сарояндаи маъруфи тоҷик, аз “овозаҳои беасоси дар ҳама ҷо баромада” хаста шудааст.

Нигина ба хабарнигори Pressa.tj гила кардааст, ки “шурӯъ аз соли нав то ҳозир ором нестам. Як рӯз мегӯянд, ки Нигина аз шавҳараш ҷудо шуд, рӯзи дигар бошад, овоза мебарояд, ки дар ким-кадом кошонаи ҳусн даромада, то беҳуш шуданам кӯфта, сару рӯямро кабуду сиёҳ карда рафтаанд. Рӯзи дигар бошад, хабари ҳамсари ким-кадом мансабдор шуданамро мефаҳмам. Худоё, ин чӣ гап аст?! Мемонед, ки осуда зиндагӣ кунам?! Илтимос, ба ин гапҳо умуман бовар накунед, ман шукри Худованд сиҳату саломат ва айни замон дар тамрини суруди навбатиям ҳастам”.

Хабарнигор пурсидааст:

— Оё рост аст, ки Нигинаро фарзандони ким-кадом мансабдоре таҳдид намудаанд, ки агар аз Душанбе наравад, ҷонаш дар хатар мемонад. Бинобар ин, Шумо гӯё айни замон ба шаҳри Хуҷанд кӯч баста рафтаед. Ин ҳақиқат дорад?

Нигина Амонқулова:

— Ин овоза ба гӯши худам ҳам расид. Аммо ба диққати ҳамаи шумо, журналистони муҳтарам ва мухлисони азизам, мерасонам, ки на ягон кас ба рӯям кислота пошидаасту на касе маро аз шаҳр рондааст. Ба Хуҷанд барои сабти клипи дуэти “Марвигӣ”, ки ҳамроҳи Дамирбек Олимов сурудаам, рафта будам. Охир, ин дунё бесоҳиб аст, ки ҳар кас хоҳад маро задан мегирифтааст?! Шукри Худо, дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорам. Қонун амал мекунад-ку?! Бинобар ин, хуб мешуд, агар шумо ба ин овозаҳои дурӯғ дода нашуда, беҳтараш клипу сурудҳои тоза ба тозаамро мунтазир шавед.

http://faraj.tj/news/6439-nigina-amon1179ulova-hasta-shudaast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *