Нигаронии Зуҳуров аз таҳдидҳои амниятист ё баҳсҳо дар Фейсбук?

[b]Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Фейсбукро “корҳои профилактикӣ” хонд.[/b]

Бег Зуҳуров , раиси Хадамоти алоқа, дастури қатъи дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели «корҳои профилактикӣ» дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд шудааст.

Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки “тамоми матлабҳо ва радду бадалҳои Фейсбук бояд назорат шаванд.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи Зуҳуров, «Фейсбук аслан аз тарафи касе назорат намешавад ва маълум нест, ки соҳиби ин шабака кист ва оё андоз месупорад ё намесупорад. Чунин фаъолият, албатта, ба амнияти Тоҷикистон ҳам хатар дорад.»

Субҳи имрӯз, 26-уми ноябр, Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз Хадамоти алоқа «смс» ё паёмак гирифтаанд, ки шабакаи иҷтимоии Фейсбукро банданд. Аммо ӯ гуфт, сабабҳои ин тасмими Хадамоти алоқа ба ширкатҳо шарҳ дода нашудааст.

Раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасон гуфт, субҳи имрӯз, 26-уми ноябр, бархе аз ширкатҳо дастрасӣ ба Фейсбукро маҳдуд карда, бархеи дигар дар остонаи масдуд кардани онанд. Аз ҷумла, чанде аз муштариёни ширкати «Babilon-M» ва Билайн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дастрасии онҳо ба Фейсбук маҳдуд шудааст.

Асомуддин Атоев мегӯяд, қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ин як «хизмати хирсона» дар ҳаққи имиҷи давлат аст ва Тоҷикистонро дигарбора ба рӯйхати душманони ин шабака ва ҳам интернет шомил мекунад. Ӯ илова кард, даҳҳо роҳи дигар вуҷуд дорад, ки мардум ба Фейсбук ворид мешаванд ва ин як кӯшиши бефоида аст: «Дар ин маврид гуфтанӣ ҳастам, ки ин қадамҳо чизе ҳам набошад, бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳаргиз ба манфиати давлату миллати Тоҷикистон нест. Ин худ ба худ бастани овози Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоист.»

Аммо ин бори аввал нест, ки шабакаи Фейсбук аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдуд мешавад. 2-юми марти соли равон ширкатҳои интернетрасон бо дастури Хадамот дар қатори торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru дастрасӣ ба шабакаи Фейсбукро низ дар қаламрави Тоҷикистон низ қатъ карда буданд, аммо пас аз як ҳафта танҳо Фейсбук боз шуд.

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси ин Хадамот Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо «мушкили фаннӣ» буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба «бозори сиёҳ» тадил додаанд.

Дар Тоҷикистон 9 ширкати махсуси интернетрасон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин тамоми ширкатҳои мобилӣ низ хизматрасонии интернетиро ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Socialbakers, ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, чанде қабл теъдоди фейсбукиёни тоҷикро 35 ҳазор тахмин зада, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дода буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/facebook-tajikistan/24781144.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *