[b]Созмонҳои мудофеъи озодии баён аз муҳокимаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик башиддат ибрози нигаронӣ карданд, ки додситонҳо хостаанд, ӯ ба 14 соли зиндон маҳкум шавад.[/b]
Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар шаҳри Порис имрӯз бо нашри баёнияе гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин”. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, “мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.“ Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи “Нурӣ Зиндагӣ” дар Аштро, мақомоти расмии ноҳия бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Аммо вакилони дифоъаш мегӯянд, ин иттиҳомот беасос аст ва Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо ба хотири интиқоди мақомоти расмӣ ба додгоҳ кашида шудааст.
Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110930/538/538.html?id=24344770