[b]Кенет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон аз боздошти хабарнигори бахши узбакии ББС изҳорӣ нигаронӣ кардааст.[/b]
Ҷаноби Гросс дар як изҳороти видеоӣ, хостори таҳқиқи мунсифонаи парвандаи Урунбой Усмонов шудааст. Вай мегӯяд:
«Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов нигаронии амиқи хешро изҳор медорад, ки рӯзи 13-уми июн дар Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст. Мо аз мақомоти давлат даъват мекунем, иддаоҳои бадрафтории маъмурони амниятӣ бо ҷаноби Усмоновро ба таври мукаммал таҳқиқ намуда, ба меъёрҳои байнулмилалии шаффофияти додгоҳӣ арҷ гузоранд. Ба эътиқоди мо, хабарнигорон набояд барои навиштаҳояшон табъиз ё зиндонӣ шаванд. Аз ин рӯ мо даъват мекунем, дар сурати набуди ҳеҷ гуна далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ӯ бояд фавран озод карда шавад.»
Сафири Амрико аз мақомот хостааст, ки қазияи ин хабарнигорро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода дар сурати набудани далелҳои қотеъ ва надоштани гуноҳ, ӯро аз боздошт раҳо намоянд.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24237199.html