САҲА аз боздошти Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон» изҳори нигаронӣ кардааст.
Рӯзи гузашта, 26-уми декабр Дуня Миятович, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз боздошти наворбардори тоҷик ҳангоми бозтоби мурофиаи мурофиаи Зайд Саиов, соҳибкори шинохта маҳкум намуда, озодии ӯро сареъан талаб намудааст.
Хабари нигаронии Дуня Миятовичро сомонаи расмии САҲА рӯзи гузашта пахш кардааст. Дар хабар омадааст, ки боиси нигаронии шадид мебошад, ки Шукуров ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш боздошт гаридааст. Дар идома аз он нигаронӣ шудааст, ки эҳтимол ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош барои дилсард кардани дигар журналистон дар бозтоби ин қазия бошад.
Дар интиҳо хоҳони он шудааст, ки ба таври фаврӣ Шукуров озод гардад ва ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои пешгирии чунин амалҳо чора биандешад.
Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон», ки шоми 25-уми декабр аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошт шуда буд, баъди як рӯзи ҳабс, озод шуд.
Шукуров бо қарори суди шаҳри Душанбе ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор дониста, нисбати ӯ ҷарима дар маблағи 320 сомонӣ ҳамчун ҷазо татбиқ шудааст.
http://tojnews.tj/nigaronii-saha-az-bozdoshti-navobardori-tojik