Родиюи «Озодӣ» бо судури як баёния аз маҳдудиятҳо дар фаъъолияти яке аз хабарнигорон ва сойти ин родию аз ҷониби давлати Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Дар ин баёния омадааст, ки сойти бахши тоҷикии родиюи «Озодӣ» ахиран ба муддати чанд рӯз масдуд шуда ва Вазорати хориҷаи ин кишвар ба далоили номаълум аз тамдиди сабти номи Абдуқаюм Қаюмов, хабарнигори ин родию, худдорӣ кардааст.
Оқои Қаюмов, ки бо имзои Абдуқаюми Қаюмзод дар доираи рӯзноманигории Тоҷикистон маъруф аст, аз кормандони собиқадори родиюи «Озодӣ» маҳсуб шуда ва дар соли гузашта ҷоизаи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистонро дарёфт карда буд.
Ҳамчунин, дар соли 1995 ба ӯ ҷоизаи байналмилалии Ҳелман ва Ҳеммет барои озодии баён ва дар соли 2010 дар сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе ҷоизаи «Ҷуръати журналистӣ» эъто шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 ба ин сӯ ба унвони хабарнигори порлумонии родиюи «Озодӣ» фаъъолият карда, аммо дар авоили моҳи гузашта муддати корти эътибории ӯ дар вазорати хориҷа тамдид нашуда ва аз ҳаққи ширкат дар иҷлос ва ҷаласаҳои мухталифи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ маҳрум монд.
Стиве Корн, раиси родиюи «Озодӣ», ин иқдоми давлати Тоҷикистонро «ҳамла ба истиқлоли родиюи «Озодӣ» унвон карда ва гуфтааст: «Сабти ном як раванди идорӣ ба хотири мусоъидат ба ҳаққи журналистҳост, вале он аз тарафи мақомоти Тоҷикистон оҳанги сиёсӣ гирифта, мунтахабан ба хотири сонсур ва тарс додани онҳо истифода мешавад.»
Абдуқаюми Қаюмзод танҳо хабарнигори дафтари родиюи «Озодӣ» дар Тоҷикистон нест, ки ба далоили номаълум муҳлати корти эътибории (аккредитатсия) онҳо аз ҷониби Вазорати хориҷаи Тоҷикистон тамдид нашуда ва ин афрод аз ҳаққи фаъъолият дар дохили кишвар маҳрум шудаанд.
Дар баёнияи родиюи «Озодӣ» таъкид шудааст, ки дар баҳори соли 2012 ба далели норӯшани «нақзи қонуни матбӯъоти Тоҷикистон» замони сабти номи Гулнораи Равшан, хабарнигори бахши узбакии ин родию, низ тамдид нашудааст.
Ҳамчунин, масъулони родиюи «Озодӣ» аз мавориди масдуд шудани сойтҳои ин родию хабар дода ва гуфтаанд, ки рӯзи 18 январи соли ҷорӣ сойти бахши тоҷикии ин родию ба муддати 4 рӯз масдуд шуда ва дастрасӣ ба сойти русии он ҳамчунон душвор боқӣ мондааст.
Ҳарчанд масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон ин амрро ба «мушкилоти фаннӣ» марбут хондаанд, вале ба эътиқоди коршиносон, ба далели чопи матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти давлатӣ чанд сойти мустақил ва шабакаи иҷтимоъии Фейсбук борҳо масдуд шудаанд.
Зимнан, дар соли гузашта сойтҳои «asia-plus», «nahzat.tj», «tojnews», «tjknews» ва шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ба далоили номаълум барои муддате дар Тоҷикистон масдуд шуданд. Феълан дастрасӣ ба сойтҳои «fergana.ru», «centrasia.ru», «ria-novosti.ru» ва «vesti.ru» ҳамчунон масдуд аст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130124_mm_radio_liberty.shtml