Нигаронии намояндагии Иттиҳодияи Урупо аз лату кӯби хабарнигор

Намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон зимни пахши баёния аз боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон» изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони ин намояндагӣ ҳамчунин зимни истиқбол аз озод шудани оқои Шукуров аз боздоштгоҳ аз мақомоти давлати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки воқеъаи феълие, ки бо хабарнигор дар ин кишвар рух додааст, ба таври дақиқ таҳқиқ шавад.

Ҳамчунин дар ин баёния, ки рӯзи душанбеи 13 январ пахш шудааст, омадааст, ки афроди муқассире, ки дар лату кӯби ин хабарнигор даст доштаанд, шиносоӣ ва муҷоззот шаванд.

Намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостори иҷрои таъаҳҳудоти худ дар назди ҷомеъаи байналмилалӣ шуда ва афзудааст, ки давлат бояд тамоми тадобири лозимаро ба хабарнигорон барои иҷрои бидуни “тарсу ҳарос”-и вазифаҳои ҳирфаиашон фароҳам кунад.

Ин намояндагӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамеша омода аст, ки бо мақомоти давлати Тоҷикистон барои ҷонибдорӣ аз фаъъолияти озодонаи васоити ахбори умум ҳамкорӣ кунад.

Ин нахустин бор дар Тоҷикистон нест, ки маъмурони пулис ба ҳангоми иҷрои вазифа ба хабарнигорон мавонеъ эҷод мекунанд.

Абдураҳим Шукуров, замоне тавассути пулис боздошт шуд, ки аз таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири қудратманд ва собиқ вазири саноеъи Тоҷикистон дар баробари сохтмони мурофиъаи додгоҳӣ филмбардорӣ мекард. Оқои Саидов баъд аз эъломи тасмимаш дар бораи таъсиси ҳизбе ба номи «Тоҷикистони нав» таҳти таъқиби қазоӣ қарор гирифт.

Мақомоти Тоҷикистонро ҳар гуна иқдоме, ки аз суяшон ҳаводорӣ аз вазири пешини саноеъ талаққӣ мешавад, хашмгин кардааст.

Хабаргузории «Озодагон» зимни нашри матлабе дар бораи ҳабси наворбардори худ гуфтааст ӯ аз замони боздошт то замоне ки хабари ҳабси ӯ расида вакили мудофеъ надоштааст.

Вай баъд аз як рӯзи боздошт бо пардохти ҷарима озод шуд ва гуфт, ки дар боздоштгоҳ кормандони пулис ӯро лату кӯб кардаанд. Оқои Шукуров аз ин аъмоли онҳо ба додситонӣ низ шикоят бурдааст.

Қаблан созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз ин амали маъмурони пулис шадидан интиқод карда ва аз мақомоти давлатӣ тақозои расидагии фаврӣ ба ин воқеъаро карда буданд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/01/140113_zkh_eu_massmedia_torture.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *