Ҳукумати вилояти Хатлон аз фаъолияти сомонаҳои мақомоти иљроияи њокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят, ки сари вақт хабару гузоришҳо интишор намешавад ва аксарияти онҳо чаҳор моҳи қабл хабар интишор кардаанд, нигаронӣ мекунад.
Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ ишора бар ин гуфт, ки ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ дар кори сомонаҳои худ масъулият эҳсос намекунад ва он чорабиниҳое, ки дар сатҳи ҳукумат баргузор мешавад дар ин сомонаҳо пӯшиш намеёбанд.
Ҷаноби Гулаҳмадзода ба хабарнигорон ваъда дод, ки соли 2015 талош мекунанд, ки сомонаҳои ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъол шаванд ва зуд зуд хабар, маълумотнома ва аксҳоеро аз чорабиниҳо интишор намоянд.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 рақами 166 дар бораи тасдиқи “Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаҳои маҳдудии баҳисобгири мақомоти идораи давлатӣ” тамоми мақомоти давлатӣ вобаста шудаанд, ки сомонаи расмии хешро таъсис диҳанд , аммо дар вилояти Хатлон сомонаҳо таъсис ёфта сари вақт хабарҳоро нашр намекунад.
Дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки сомонаи расмии худро доранд,80 дар сади онҳо бо баҳонаи нарасидани мутахассис кори ин сомонаҳоро ба қафо кашидаанд.
Хабарнигори хадамоти мониторинги АМВАОМТ.