Раиси вилояти Хатлон таъхир дар нашри ҳафтаномаҳо дар вилояти Хатлон ибрози нигаронӣ кардааст.
Ғайбулло Афзалов, рӯзи душанбеи 11 март ба муносибати “Рӯзи матбӯъоти тоҷик” бо хабарнигорон мулоқот анҷом дода ва аз онҳо даъват кардааст, ки фаъъолиятҳои худ барои нашри сареъи ҳафтаномаҳоро беҳбуд бахшанд.
Оқои Афзалов ҳамчунин гуфтааст, ки мушкили молӣ сабаби аслии бамавқеъ нашр нашудани ҳафтаномаҳо дар навоҳии мухталифи вилоят аст.
Вай афзудааст, ки ҳафтаномаҳо дар шаҳру навоҳии ин вилоят бояд бо кумаки молии ҳукуматҳои маҳаллӣ нашр шаванд, аммо камбуди сармояи ҳукуматҳои маҳаллӣ барои иҷрои ин иқдом мавонеъ эҷод мекардааст.
Дар ин вилоят, ҳафтаномае зери унвони “Хатлон”, аз ҷумлаи андак нашрияҳое будааст, ки бамаврид ба хонандагон мерасидааст.
Дар шаҳру навоҳии дигари вилояти Хатлон ҳудуди 30 ҳафтанома сабти ном шуда ва куллияи ин нашрияҳо бо кумакҳои молии ҳукуматҳои маҳаллӣ нашр мешаванд.
Ҳамчунин дар вилоят танҳо нашрияи мустақиле бо номи “Пажвок” ба нашр мерасад, ки гуфта мешавад, дар миёни сокинони вилоят аз маҳбубияти бештаре бархурдор аст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/03/130311_zkh_ak_rln_newspaper_khatlan.shtml