[b]Ду созмони умдаи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз ончи фишор бар расонаҳои мустақил дар ин кишвар медонанд, ибрози нигаронӣ кардаанд.[/b]
Дар баёнияе, ки Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли ин кишвар интишор додаанд, аз ба додгоҳ кашида шудани ҳафтаномаи “ASIA-Plus” шадидан интиқод шудааст.
Анвар Тағоймуродов, раиси бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран дар истинод ба як матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «ASIA-Plus», дар бораи мавориди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам карда ва ба додгоҳ кашидааст.
Оқои Тағоймуродов аз ин нашрия тақозои пардохти як милюн сомонӣ ғароматро кардааст.
Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов ёдовар шудаанд, ки Тоҷикистон дар соли 1999 ба санади байналмилалии озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ пайвастааст.
Ба гуфтаи онҳо, ин санад озодии баён, ҷамъоварии иттилоъ ва пахши онро замонат додааст. Гузашта аз ин, моддаи сиюми Қонуни асосии Тоҷикистон низ замонати чунин озодиҳоро дода ва сонсури давалтӣ ва таъқиби рӯзноманигорон барои интиқодро мамнӯъ кардааст.
Ба навиштаи муаллифони баёния, қазияҳои ахири додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳадафи ниҳоии афроде, ки ба додгоҳ муроҷеъа мекунанд, гӯё таъмини адолати додгоҳӣ набуда, балки онҳо қасд доранд аз ин роҳ «даҳони хабарнигоронро бубанданд.»
Дар ҳамин ҳол, Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «ASIA-Plus», ахиран ба додситонии кулли Тоҷикистон даъват шуда ва мавриди бозпурсии як маъмури додситонӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи хонуми Мирзобекова, ин маъмур аз ӯ умдатан дар бораи манобеъи хабариаш суол кардааст.
Вай афзуд: «Чунин тасаввур пайдо шуд, ки бозраси додситонӣ бештар на ба мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар фаъолияти маъмурони пулис, балки ба мавзӯъи манобеъи иттилоъотии ман таваҷҷӯҳ дорад.»
Аз сӯйи дигар, бозраси додситонӣ аз ҳузури вакили мудофеъи хонуми Мирзобекова дар бозпурсӣ монеъ шудааст ва ин хабарнигор тасмим гирифтааст, ки дигар бидуни вакил ба додситонӣ ҳозир нашавад.
Марат Мамашдоев, як масъули нашрияи “ASIA-Plus”, хабар дод, ки нашрия тасмим гирифтааст бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳурӣ ва порлумони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба ин қазия ҷалб созад.
Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват кардаанд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.
Зимнан, бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки мавориди ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ аз шеваҳои мутамаддинонаи баҳсу гуфтугӯ ва ҳалли ихтилофот миёни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
Вале ҳамзамон, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки афзоиши чунин мавориде мумкин аст ба ривоҷи худсонсурӣ дар фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ мунҷар шавад.
Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ним соли ахир, бавижа баъд аз оғози амалиёти ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи Тоҷикистон, расонаҳои гурӯҳӣ пайваста таҳти фишори мақомот қарор гирифтаанд ва ин амр бар мушкилоти матбуъот афзудааст.
Қаблан камбуди маблағ барои чопи нашрияҳо ва дастрасии душвор ба манобеъи расмии хабарӣ аз мушкилоти умдаи хабарнигорон дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе хабари тағйири молики хабаргузории “Avesta” таъйид шуд. Зафар Абдуллоев, муассис ва мудири пешини ин хабаргузорӣ, гуфт, ки мудирияти ин расонаро ба Ҷамшед Ӯлмасов, сардабири ҳафтаномаи “Бизнес ва политика” вогузор кардааст.
Далели ин амр мушкилоти молӣ унвон шуда ва ба гуфтаи оқои Абдуллоев, вай қасд дорад чопи нашрияи “Факти и комментарии”-ро низ мутаваққиф созад ё ин нашрияро низ ба фурӯш гузорад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110201_if_mass_media.shtml