Нигаронии ‘ARTICLE 19’ аз вазъи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон

Созмони байналмилалии «ARTICLE 19: Корзори ҷаҳонӣ барои озодии баён» аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои таҳти назорати сангин гирифтани созмонҳои ғайридавлатӣ интиқод кардааст.

Дар баёнияи ин созмон, ки шоми сешанбеи 9 декабр дар торнамои ин созмон мунташир шуд, дар ин замина ба тарҳи ислоҳи Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин кишвар ишора шудааст.

Дар баёния омадааст: «Дар ин санад бо баҳонаи мубориза бо терурисм созмонҳои ғайридавлатӣ водор хоҳанд шуд, то иттилоъ дар бораи куллияи кумакҳои билоъиваз аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба таври иҷборӣ дар вазорати адлия ба сабт расонанд.»

Зимнан, ин мавзӯъ дар ҳамоиши масъулони вазорати адлия, омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар авохири ҳафтаи гузашта матраҳ шуда буд.

Бино ба иттилоъи Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ҳадаф аз ислоҳи Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷилавгирӣ аз мавориди пулшӯӣ ва ҳимояти молӣ аз терурисм хондааст.

Ҳамзамон, оқои Шоҳмурод нигаронии созмонҳои ғайридавлатиро дар робита бо ислоҳи ин санади ҳуқуқӣ бепоя хонда ва гуфтааст, ки «ин тадбир танҳо огоҳкунанда буда, созмонҳои ғайридавлатӣ ба ҳеч ваҷҳ аз ниҳодҳои давлатӣ барои дарёфти кумаки молӣ иҷоза нахоҳанд гирифт.»

Аммо намояндагони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ин иқдомро хилофи арзишҳои демукротик ва як навъ талоши мудохилаи давлат дар умури ҷомеъаи маданӣ дар ин кишвар мехонанд, ки ба гуфтаи онҳо, заминаро барои кунтрули ҷомеъаи маданӣ аз сӯи давлат фароҳам мекунад.

Созмони байналмилалии «ARTICLE 19» дар баёнияи худ ба иқдомоти мушобеҳ барои кунтрули созмонҳои ғайридавлатӣ дар Қазоқистону Қирғизистон низ таъкид кардааст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: «Созмонҳои ғайридавлатӣ бахши бунёдии ҷомеъаи маданӣ ҳастанд. Ислоҳоти пешниҳодӣ таҳдиде ҷиддӣ барои мавҷудияти ҷомеъаи маданӣ дар минтақа аст.»

Гуфта мешавад дар Қазоқистон тарҳи қонуне таҳия шудааст, ки тибқи он як ниҳоди давлатӣ барои тавзеъи кумакҳои молии хориҷӣ ба созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис дода хоҳад шуд. Аммо фаъъолони ҷомеъаи маданӣ мегӯянд, ки ин иқдом ба истиқлоли созмонҳои ғайроидавлатиро латма хоҳад зад.

Дар Қирғизистон, кишвари дигари Осиёи Миёна ва ҳамсояи Тоҷикистон, низ тарҳи мушобеҳе дар дасти баррасӣ аст, ки ба нивиштаи «Article 19», дар сурати тасвиб шудан, созмонҳои ғайридавлатии таҳти ҳимояти кишварҳо ва ниҳодҳои хориҷиро ҳадафи табъиз ва саркӯб қарор медиҳад.

Инозмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар моҳе қабл бо интишори баёнияе мушобеҳ аз маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон низ башиддат интиқод карда буд.

Дар баёнияи худ, ин созмон сабти номи расонаҳои хабарӣ, мушкили дарёфти иттилоъ аз манобеъи давлатӣ ва сабти номи хабарнигоронро аз ҷумлаи чунин маҳдудиятҳо унвон карда буд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ пас аз таҳлилу баррасии Қонуни “Матбӯъот ва дигар васоити ахбори умумӣ”-и Тоҷикистон чунин натиҷагирӣ кардааст. Ин санад баъд аз баррасии тӯлонӣ бо ширкати созмонҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон дар соли гузашта аз ҷониби порлумон тасвиб шуда буд.

Масъулони ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки дар оянда асноди ҳуқуқӣ дар мавриди озодии баёнро такмилу ислоҳ карда ва шароитро барои риъояти меъёрҳои озодии баён фароҳам кунанд.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, таҳлили созмони “ARTICLE 19” дар чорчӯби тарҳи минтақаии “Дифоъ аз озодии баён дар Осиёи Марказӣ” анҷом шуда ва ба татбиқи асноди ҳуқуқии Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ мусоъидат хоҳад кард.

Зимнан, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ низ ин созмон якҷо бо Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи “Медиа полис”-и Қирғизистон ва Сандуқи дифоъ аз озодии баёни “Одил соз”-и Қазоқистон зимни интишори як баёнияи муштарак дар иртибот бо Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагии рӯзноманигорон вазъи озодии баёнро дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда хонда буд.

Дар ин баёния ба мавориди таҳдид, ҳамла ва боздошти ғайриқонунии хабарнигорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ ишора шуда буд, ки омилони ин гуна аъмоли номашрӯъ муҷозот нашудаанд.

Ба унвони мисол, таҳдиду таъқиби Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” ва Эмом Назаров, хабарнигори нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” дар Тоҷикистон барои чопи матолиби интиқодӣ ва муҳокима ва ҷаримаи нашрияи “Азия-Плюс” ва Олга Тутубалина, сардабири он, ба иттиҳоми “таҳқири рӯшанфикрон” аз ҷумлаи маворидест, ки ин созмон бад-онҳо ишора кардааст.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/12/141210_mm_media_ngos_control     

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *