[b]Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистонро “мояи нигаронии амиқ” номид.[/b]
Ян Келлӣ, намояндаи ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), гуфт, дар чанд кишвари узви ин созмон журналистон бо хатар рӯбарӯянд ва дар даҳ рӯзи охир онҳо мавриди латукӯби шадид, боздошт ва иттиҳоми додгоҳӣ қарор гирифтаанд.
Аммо вазъ дар Тоҷикистонро, дар ин байн, ҷаноби Келлӣ мавриди “нигаронии амиқ” хонда, гуфтааст, 7-уми феврал дар Душанбе, Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири 60-солаи нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ ва сухангӯи ин ҳизб дар назди хонааш латукӯб шудааст. Сафир дар ҳамомиши кишварҳои узви САҲА дар Вена гуфт: “Мо аз таҳти дил шифои зуди ҷаноби Сайфуллозодаро орзу мекунем, то ба сари кораш бозгардад. Мо ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ин ҳамларо амиқан таҳқиқ кунад ва онҳоеро, ки масъули ҳамлаанд бино ба тамоми нерӯи қонун ба ҷавобгарӣ кашад.”
Матни пурраи гузориш дар сахифаи тахлилии сомона мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=23]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=23[/url]
Источник: