[b]Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони хориҷӣ ва дохилӣ аз иқдоми Идораи иртибототи Тоҷикистон барои таъсиси гурӯҳи бозрасон барои кунтрули матолиби сойтҳои интернетӣ интиқод кардаанд.[/b]
Созмони байналмиллалии Гузоришгарони Бидуни Марз ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар номае саргушода ба Бег Зуҳуров, раиси ин идора, ин иқдомро эҷоди навъе маҳдудият барои фаъъолияти расонаҳои мустақил хондаанд.
Идораи иртибототи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи бозрасон назорат бар матолибе аст, ки дар шабакаи Интернет мунташир мешавад ва ҳамчунин кунтрули бар сойтҳои дорои матолиби «таҳқиромез ва туҳмат» марбут хондааст.
Аммо дар ин нома таъкид шудааст, ки танҳо додгоҳ метавонад дар мавриди «таҳқиромез ва туҳмат» будани матолиби сойтҳо қазоват кунад.
Ба эътиқоди муаллифони ин нома, бо таваҷҷуҳ ба он, ки муҳтавои “таҳқиру туҳмат” хеле густарда ва мумкин аст ҳар матлаби интиқодӣ чун таҳқир арзёбӣ шавад, имкон дорад таъсиси гурӯҳи бозрасон ба таври фазоянда ба масдуд шудани ин сойтҳо мунҷар шавад.
Дар нома ба унвони мисол аз сойти “Asia-Plus” ёдоварӣ шудааст, ки ба хотири пӯшиши даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва размандагон дар шаҳри Хоруғи Бадахшон бидуни шарҳу тавзеҳ масдуд шудааст.
Дар солҳои қабл низ ҳангоми баргузории амалиёт дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, дастарсӣ ба бархе аз сойтҳо масдуд шуда буд. Баҳори имсол низ дастрасӣ ба шуморе аз сойтҳо, аз ҷумла Фейсбук, барои муддатемасдуд шуда буд.
Зимнан, дар зарфи ду моҳи ахир сойти “Asia-Plus” барои бори севум масдуд мешавад. Зебо Тоҷибоева, раиси хабаргузории “Asia-Plus” ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки дигар бо Идораи иртибототи Тоҷикистон сари мавзӯъи фароҳам кардани дастрасӣ сойт вориди баҳс нашуда ва аз ин идора ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи хабаргузории “Asia-Plus” гуфт, феълан асноди лозима барои муроҷиъат ба додгоҳ таҳия шуда ва дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шавад.
Дар канори «Asia-Plus» дастрасӣ ба сойтҳои Ютюб, шабакаи иҷтимоъии Туйитер, сойтҳои “Lenta. ru”, “Сentrasia.ru” ва “Fergananews.com”, хабаргузории русии «РИА ‘Новости'» ва сойти шабакаи хабарии Русия «Вести» масдуд аст.
Гузоришгарони Бидуни Марз ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз Бег Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, пурсидаанд, ки бар асоси чи меъёре мавориди таҳқиру туҳмат мушаххас шуда ва вокуниши ин идора дар қиболи сойтҳое, ки чунин матолибро мунташир кардаанд, чи гуна хоҳад буд.
Гузоришгарони Бидуни Марз таъсиси гурӯҳи бозрасиро як навъ нақзи озодии баён унвон карда ва аз Бег Зуҳуров даъват кардааст, ки аз ин иқдом худдорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Раҷабов, масъули дабирхонаи Идораи иртибототи Тоҷикистон дар мавриди номаи саргушодаи Гузоришгарони Бидуни Марз ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон унвонии Бег Зуҳуров, раиси ин идора, ибрози беиттилоъӣ кард.
Ҳамзамон, оқои Раҷабов гуфт, дар сурати дарёфти нома муҳтавои он баррасӣ шуда ва посухи расмӣ ирсол хоҳад шуд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120808_mm_rwb_statement.shtml