Як гурӯҳ русзабонҳо аз шаҳри Душанбе аз тасмими маъмурияти “Телевизиони Сафина” барои кам кардани барномаҳои ахбор бо забони русӣ нигаронӣ кардаанд.
Онҳо бо ирсоли нома аз маъмурияти Муассисаи давлатии “Телевизиони “Сафина хостаанд, ки пахши русии барномаи “Навид”-ро дар соати 22:00-ро ба роҳ монанд.
Дар номаи ин сокинон, ки нусхааш дастраси TojNews шуд, омадааст, онҳо имкон надоранд, соати 18:00 барномаи “Навид” бо забони русиро тамошо кунанд, қаблан барномаи мазкур соати 22:00 такроран пахш мешуд. Аммо аз моҳи октябри соли гузашта такрори барномаи мазкур соати 22:00 пахш намешавад, ба ҷои он барномаи хабарӣ бо забони тоҷикӣ ба эфир меравад.
Ин гурӯҳи русзабонони шаҳри Душанбе дар номаи худ овардаанд, “онҳо низ дар қатори дигар шаҳрвандон мехоҳанд то аз ҳама рӯйдодҳои Тоҷикистон аз тариқи телевизион огоҳ шаванд, чун расонаҳои хориҷӣ на ҳама иттилои заруриро дар бораи кишвари мо пахш мекунанд.”
Аммо масъулини “Телевизиони Сафина” мегӯянд, бардоштани барномаи “Навид” бо забони русӣ дар соати 22:00 бо таваҷҷӯҳ ба зиёд будани аудиторияи тоҷикзабон гирифта шудааст.
Маҳмадёқуб Зокиров, сармуҳаррири идораи “Навид” дар сӯҳбат ба TojNews мегӯяд, “аз сабаби он ки аудиторияи забони тоҷикӣ зиёдтар аст ва мардум шабона соати 22:00 барнома тамошо мекунанд, беҳтарин сюжетҳои худро ҷамъ карда, дар он соат пахш мекунем.”
Ба гуфтаи ин масъули “Сафина”, формати телевизиони онҳо фарҳангӣ-фароғатӣ аст ва онҳо ба аҳолӣ пеш аз хабар аввал фароғат мебахшанд.
— Сабаби дигари бардоштани барномаи “Навид” дар соати 22:00 дар он аст, ки он маводҳое, ки баъд аз соати 20:00 дастраси мо мешаванд дар ин барнома пахш мешаванд. “Сафина” 24 соата нест ва мо бо қадри имкон барнома пахш мекунем,-мегӯяд сармуҳаррири идораи “Навид”.
Зокиров илова мекунад, ки тасмими бардоштани барномаи “Навид” бо забони русӣ бо дархости ягон нафар сурат нагирифтааст ва тасмимест, ки дар мувофиқа бо бо Кумитаи телевизион ва радио гирифта шудааст.
Дар телевизиони мазкур дар як рӯз шаш барномаи хабарии “Навид” пахш мешавад, ки танҳо як бор ба забони русӣ мебошад.
Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” 22-юми августи соли 2005 таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад. Пахши нахустин барномаи он 3-юми сентябри соли 2005 ба роҳ монда шудааст.
Copyright © 2015 TojNews
http://www.tojnews.org/tj/news/nigaroni-az-kam-shudani-barnomai-habari-bo-zaboni-rusi-dar-safina