неожурналИСТ

Журналистикаро аз баъзе «журналистон» ё неожурналистон озод бояд кард!

 

 

Аз рӯзе, ки ба журналистика омадам, ҳамеша як суханро мешунавам: журналистони давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Дуруст, аслан ҳар ду мафҳум хато аст ва журналист наметавонад давлативу ғайридавлатӣ бошад. Журналист метавонад корманди ВАО-и ҳукуматӣ бошад, метавонад корманди ВАО-и ғайриҳукуматӣ, яъне хусусӣ, ҷамъиятӣ бошад. Аммо дар ҳама ҳолат журналистон дар давлат ва барои давлат фаъолият мекунанд. Аз ин ҷост, ки гурӯҳбандӣ кардани журналистон ба давлативу ғайридавлатӣ мутлақо хато аст ва дар мавзӯи давлативу ғайридавлатӣ метавон матлаби алоҳида навишт, аммо мавзӯи имрӯза ин нест. Дуруст, дар ҷомеаи журналистӣ зери мафҳуми давлативу ғайридавлатӣ ҳамон ҳукумативу ғайриҳукуматӣ фаҳмида мешавад, аммо ба ҳар сурат, бояд ин нуктаро ба инобат гирифт.

Хуллас, ман ҳам фикр мекардам, ки мушкили аслии журналистикаи тоҷик ба гурӯҳ тақсим кардан, яъне ҳукумативу ғайриҳукуматӣ будани он аст, вале имрӯз иқрор мешавам, ки мушкили аслии журналистикаи тоҷик умуман дигар аст. Ин андешае, ки гӯё журналистони дар ВАО-и ҳукуматӣ фаъолият мекарда, ҳама ғайрикасбиву маддоҳ ва журналистони дар ВАО-и ғайриҳукуматӣ фаъолиятдошта ҳирфаиву ҳақиқатнигоранд, комилан ғалат аст. Ҳам дар ВАО-и ҳукуматӣ ва ҳам дар ВАО-и ғайриҳукуматӣ журналистони асил ва ба касби худ содиқ зиёданд.

Мушкили асосӣ дар зиёд ва ҳатто хеле зиёд будани ғайрижурналистони худро журналист муаррифимекарда ва ё ба қавле неожурналистон аст. Бале, мушкил дар ин ҷо аст, дӯстони азиз. Бовар кунед, имрӯз аз журналист гуфтани худ кас шарм мекунад, чун «сӯзанро мепартоӣ болои журналист меафтад». Не, гумон накунед, ки ман аз зиёд шудани журналистон дар ташвишам, ба ҳеҷ ваҷҳ ин тавр нест. Баръакс, ман тарафдори бештар шудани журналистон ҳастам, аммо ба шарте, ки онҳо ЖУРНАЛИСТ бошанд, на НЕОЖУРНАЛИСТ. Имрӯз ҳар касе, ки ду ҷумла навишта метавонад, худро журналист мегӯяд. Ва ё, нафаре, ки як маротиба ба идораи нашрияе омадааст, журналист аст. Бовар мекунед, ҳатто баъзе ҳамсояҳои журналистон худро журналист муаррифӣ мекунанд. Ин ҷойи ташвиш аст, чун онҳо журналистикаро хор мекунанд. Аммо боз ташвишовартар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳуҷҷати журналистӣ доранд. Баъзеашон ҳуҷҷатҳои ВАО-и алоҳидаро доранду баъзеи дигарашон ҳатто аъзои Иттифоқи журналистон ҳастанд. Аммо аз ин ҳам аҷибаш он ки баъзеи онҳо ҳатто мукофотҳои соҳаи журналистикаро соҳиб шудаанд: Аълочии маорифу фарҳанганд!

Кадом раис замин надодааст ва ин неожурналист дар ҳафтаномае шикояти худро нашр кардаву бо тамоми ҳастӣ ҷор мезанад, ки журналист аст. Кадом раис чанд танга додааст, як мадҳия навиштааст, журналист аст. Як қиссаи афсонавие навиштааст, журналист аст. Ду маротиба ба идораи нашрияе омадааст, журналист аст. Дар куҷое ҳафтанома мефурӯшад, журналист аст. Аз куҷое як ҳуҷҷат гирифтааст, журналист аст… Ҳама журналист аст. Ва ҳамаи инҳо худро журналист муаррифӣ мекунанд. Дар чеҳраи онҳо журналистро мебинанд. Ҳама намефаҳмад, ки журналист як ҳуҷҷат доштан нест.

Журналистика пешаи хеле муқаддас аст. На ҳар бекормонда журналист шуда метавонад. Журналистика бетонрезӣ нест, ки сементу шағалро омехта кунӣ ва ба қолаб резӣ, ки таҳкурсӣ омода шавад. Журналистика андеша кардан, ҷустуҷӯ кардан, таҳлил кардан, муқоиса кардан, сухани нав гуфтан аст. Журналистика ҷон рӯйи каф гирифта аз ноадолатиҳо гуфтан, мубориза бурдан, барои ҳақиқат талош кардан аст. На фақат ҷайби худ, балки мушкили ҷомеаро эҳсос кардан ва аз он гуфтан аст, барои дигарон талош кардан аст.

Агар замони худ ва то чанд соли пеш Отахон Латифӣ Устод буд, имрӯз ва бо ин журналистикае, ки дорем, ӯ достон аст! Бовар кунед, як ҳарфи ӯ болотар аз садҳо саҳифа навиштаҳои неожурналистон аст.

Ҳа, ба хотирам омад. Баъзе аз ин неожурналистон ҳатто наменависанд. Чизе наменависанд, аммо ҳуҷҷат доранд ва худро журналист муаррифӣ мекунанду ва чизеро соҳиб мешаванд.

Мушкили аслӣ ва дар ҳамин шабу рӯз, ягонаи журналистикаи тоҷик неожурналистон аст. Бояд ба ин хотима дода шавад ва журналистикаро аз ин тоифа озод бояд кард. Пеш аз ҳама бояд вақти додани ҳуҷҷати журналистӣ ва пазируфтан ба аъзогии Иттифоқи журналистон андеша кард. Ҳадди ақал барои эҳтирому худ ва касби худ. Ман фикр мекунам, ки дар садорати Иттифоқи журналистон ҳамагӣ журналистони ҳирфаиянд ва нисбат ба ин мушкил бепарво нестанд.

Журналист бояд журналист бошад!

Ба умеди бештар шудани ЖУРНАЛИСТ ва нест шудани НЕОЖУРНАЛИСТ!

Иди матбуот муборак, ЖУРНАЛИСТОНи азиз!

http://faraj.tj/opinion/4809-neozhurnalist.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *