Назираи Амирбек — раиси нави ТВ-и Бадахшон

Назираи Амирбек, яке аз рӯзноманигорони Шабакаи аввали Тоҷикистон сардори идораи телевизион ва радиои Бадахшон таин гардид.

Назираи Амирбек то ин замон ҳамчун муҳаррири варзидаи барномаи иттилоотии «Ахбор»- и Шабакаи якум кор мекард. Қабл аз ин, ӯ дар телевизони «Ҷаҳоноро»- и вилояти Суғд, муассисаи давлатии ТВ «Пойтахт» низ фаъолият кардааст. 4 сол сардори маркази матуботи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.

Назираи Амирбек зодаи ноҳияи Шуғнони Бадахшон буда, дар ин мақом Зулфия Лашкарбековаро иваз кард.

http://faraj.tj/news/6421-nazirai-amirbek-raisi-navi-tv-i-badahshon.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *