Ба бовари бештари ширкаткунандагони назарсанҷии хабаргузории TojNews расонаҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон мустақил нестанд.
Ин назарпурсӣ бо суоли “Расонаҳои ғайридавлатии тоҷикро мустақил мешуморед?” баргузор шуда буд. 29 дарсад аз ширкаткунандагони назарсанҷӣ гуфтаанд, ки расонаҳои ғайридавлатии тоҷик қисман озод ҳастанд.
Аммо бар хилофи назари респондендони мазкур, 26 дарсад изҳор доштаанд, ки Қатъиян не! ҳамаашон метарсанд. Инчунин ба гуфтаи 15 фоиз расонаҳо бўи мустақилӣ ҳам надоранд.
Ба боварии 12 дарсади дигар расонаҳои ғайридавлатии тоҷик барои мустақил шудан бояд талоши бештар кунанд. 11 дарсад гузинаи “Бале, раҳмат ба ҷуръаташон” ва 4 дарсади дигар гузинаи “Ҳа, хуб, ки ҳаминҷо ҳастанд”-ро интихоб кардаанд.
5 дарсади иштирокчиён гуфтаанд, барои онҳо мустақил будан ё набудани расонаҳо фарқ надорад.
Ин назарпурсӣ аз 9-уми март то 15-уми марти соли 2016 бо супориши ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар сомонаи Оҷонсии иттилоотии «TojNews» гузаронида шуда, дар он 708 нафар ширкат кардааст.
Аз ҳоло метавонед ба суоли навбатии назарсанҷӣ ба суоли “Оё мехоҳед солшумории расмии мо аз Наврӯз оғоз ёбад?” аз ҳоло метавонед ширкат кунед.
http://www.tojnews.tj/tj/news/nazarsanchi-rasonakhoi-gayrikhukumati-mustakil-nestand