Имрӯз нахустшумораи замимавии ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи “Душанбе Имрӯз” мунташир гардид.
«Душанбе-Имрӯз» тарҳи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ва СҶ “ИНДЕМ” (муассиси нашрияи «Нигоҳ») буда, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 90 – солагии пойтахт нашр гашт.
Ҳадаф аз ин тарҳи расонаӣ инъикоси касбии муҳимтарин омилҳои хабарии ҳаёти иқтисодии пойтахт, хоса дар бахши сохтмон ва офариниши стандартҳои нави иҷтимоиву маданӣ мебошад.
«Душанбе-Имрӯз» ҳар ҳафта бо теъдоди 7 ҳазор нусха ба чоп расида, 5 ҳазор нусхаи он бо чопи офсетӣ дар шакли замима дар нашрияи “Нигоҳ” ва 2 ҳазор нусхааш дар коғази ҷилодор дар ҷойҳои серодами пойтахт ройгон паҳн карда мешавад.
Шиъори тарҳи нави созмони «Индем» “инъикоси созанда”, “масъулияти иҷтимоӣ” ва “стандартҳои маданӣ” унвон шудаанд,, ки баёнгӯи самти фаъолият ва рисолати тарҳро ифода кардаанд.
Тарҳи номбурда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ мавод чоп хоҳад кард.
Дар нахустин шумораи он мақолаҳое бахшида ба вазъи тандурустӣ, рушди иктисод, фарханг ва маориф чоп шудааст.
Аз ҷумла, мақолае бо номи “Бузургтарин бемористони шаҳрӣ” чоп гаридидааст. Дар ин мақола рочеъ ба сохта шудани бузургтарин шифохонаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар мебошад, маълумот дода шудааст. Дар зимн, муаллифи ин мақола таъкид намудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур давом дошта, қисмати муҳими сохтмони бино анҷом ёфтааст.
Дар мақолаи дигар, ки бо номи “Новая восьмая. Математическая” оид ба кушодашавии калонтарин мактаби русӣ- мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 мавод чоп гардидааст.
Ҳамчунин дар ин шумора мақолаҳои “Рушди ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва маоши миёна дар шаҳри Душанбе”, “Тасмим барои арзон кардани хонаҳо”, “Туалет зеркало культуры” ва ғайраҳо нашр шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки «Душанбе-Имрӯз» ташаббуси ҷамъиятӣ буда, бидуни маблағгузории буҷетӣ, вале бо ҷалби реклом ва PR-матолиб чоп хохад шуд.
http://www.tojnews.tj/nakhustshumorai-dushanbe-today-az-chop-baromad