Нахустин телефунҳои ҳамроҳ бо восити тоҷикӣ дар Тоҷикистон

Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” фурӯши телефунҳои ҳамроҳи дорои интерфейс ё восити тоҷикиро оғоз кардааст.

Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” фурӯши нахустин телефунҳои ҳамроҳ бо восити тоҷикиро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи як манбаъи дафтари матбуъотии ширкати “ТТмубойл”, ки “Мегафон-Тоҷикистон” ҷузъе аз он аст, ахиран бо ширкати тавлидкунандаи HW-и Чин барои таҳияи чунин телефунҳои ҳамроҳ қарордод бастааст.

Ин манбаъ афзуд: “Муштариён метавонанд аз “Мегафон-Тоҷикистон” телефунҳои DUOS харидорӣ кунанд, ки ду сим-корт, яке аз “Мегафон”-и Тоҷикистон ва дигаре аз “Мегафон”-и Русияро дорад. Арзиши ин телефун ҳамагӣ 100 сомонӣ аст ва нуктаи муҳимм ин аст, ки восит ё навиштаҷоти нармафзори ин телефун ба забони тоҷикӣ аст. Ба унвони мисол, дар ин телефун sms ҳамчун “хабарҳо”, контакти ҳамчун “тамосҳо”, вызовы “маркази зангҳо”, “настройки” чун “танзимот” ва “черновики” “сиёҳнависҳо” тарҷума шудаанд”.

Ба гуфтаи муттахасисони забон ҳарчанд тарҷумаи бархе аз вожаҳо дар ин телефун ғалат аст, аммо онҳо аз роҳандозӣ шудани нахустин телефунҳои ҳамроҳи дорои восити тоҷикӣ истиқбол мекунанд.

Дафтари матбуъотии ТТ Мубойл ҳамчунин аз он хабар дод, ки “Мегафон-Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ модем ё таҷҳизоти ноқили амвоҷи интернетиро низ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тавлид кардаанд.

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон ҳадс мезананд, ки баъд аз ин таҷрубаи “Мегафон-Тоҷикистон” ширкатҳои дигари ироъакунандаи хадамоти телефунҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон тавлид, воридот ва фурӯши телефунҳои ҳамроҳро ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Дар як моҳи ахир шабакаи иҷтимоъии Фейсбук сафҳаи худро ба забони тоҷикӣ фаъъол кард. Теъдоди корбарони ин шабака аз Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Дастандаркорони ин амр мегӯянд, ки корбарони Фейсбук худ метавонанд дар интихоби калимот барои ин сафҳа тавассути ин раъйдиҳӣ ширкат кунанд. Тибқи омори ахир то ҳол ҳудуди 90 дарсади калимоти ин сафҳа тарҷума шуда ва корбарони тоҷик метавонанд ба роҳатӣ ин сафҳаро ба забони модарии худ истифода кунанд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/09/140915_if_megafon_tajik

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *