Наттоқи маъруф Бурҳон Раҳмон дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт

Ровии маъруф Бурҳон Раҳмон дар синии 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Бурҳон Раҳмон аз ровиёни шинохта дар радио ва телевизиони тоҷик мебошад, ки наздик ба 60 сол дар ба брунмарзии Радиои Тоҷикистон, шабакаи “Овози тоҷик” кор кардааст.

Марҳум Бурҳон Раҳмон соли 1934 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1957 инҷониб дар Радиои Тоҷикистон фаъолият дошт.

Намози ҷанозаи наттоқи маъруф баъд аз намози пешин, имрӯз дар Масҷиди Сариосиёи Душанбе баргузор мешавад.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/nattoki-maruf-burkhon-rakhmon-dar-sinni-81-solagi-az-olam-darguzasht

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *