Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара — газетаи «Насими Исфара» шабакаи радиои худ дар Интернетро фаъол намуд.
Сардабири газетаи «Насими Исфара» Абдумуталиб Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун хабару рӯйдодҳо дар бораи шаҳри Исфараро метавон дар интернет тавассути шабакаи радиоии ҳамном бо суроғаиhttp://nasimi-isfara-.podster.fm/ дарёфт намуд. Ҳайати эҷодии газета ояндаи наздик ният дорад, ки шабакаи телевизионии худро низ дар Интернет боз кунад.
Қобили зикр аст, ки қаблан газета дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер саҳифаҳои худро боз намуда буд, ки ин ба саривақт дастрас гардидани хабарҳо аз минтақа натанҳо барои сокинони ҷумҳурӣ, балки ба шаҳрвандони дар муҳоҷирати корӣ қарордошта низ имкон медиҳад.
http://news.tj/tj/news/nasimi-isfara-aknun-bo-radio-am-dastras-ast