НАШРИ “НЕРӮИ СУХАН” ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҷмӯи мақолоти устодони соҳаи журналистикаи тоҷик зери унвони “Нерӯи сухан” аз чоп баромад.

Дар ин бора ба TojNews Дилбар Самадова, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод.

Ба иттилои Дилбар Самадова, дар ин маҷмӯа, мақолаҳо оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи журналистика, таърихи матбуот ва тозагиҳои матбуоти имрӯз, адабиёт ва публитсистикаи тоҷик  ҷой дода шуда, аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таълиф шудаанд.

-Мақолаҳои илмии устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Мурод Муродӣ, Сангин Гулов, Қутбиддин Мухторӣ, Ҷамила Раҳмонова ва устодони Донишгоҳи Хуҷанд: Илҳом Ҷамолов, Иноат Қосимова ва дигарон ҷой дода шудаанд. Минбаъд ин иқдом идома пайдо мекунад ва бояд ҳар сол 2 маротиба аз тарафи Шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҷмӯаи “Нерӯи сухан” ба чоп расонида мешавад,-гуфт Дилбар Самадова.

Маҷмӯаи “Нерӯи сухан” ба муносибати 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии  Сарқонун омода шуда, бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти “Ношир” ба табъ расидааст.
Маҷмӯа аз ҳисоби Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст.

http://www.tojnews.org/nashri-nerui-sukhan-dar-tojikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *